Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҳама навъҳои истиско (водянка), ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад; 10,5 грамми инро ба 7 грамм дорчинӣ бихӯранд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Саргинашро сӯхта, ба атрофи бинӣ бимоланд, дар манъ кардани хуни бинӣ назир надорад. Чун саргини онро сӯхта, намакашро ҷудо карда бигиранду бо оби турб фурӯ баранд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Ин саргинро бо тухми кӯфтаи индов ва хардал (горчица) даромехта гузошта банданд, барои дарди сари кӯҳна, дарди нимсар, дарди паҳлу, дарди буғумҳо ва никрис дору мешавад; инро бо орди ҷав сиришта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад; бо равғани зайтун хамир карда банданд, барои сӯхтагии оташ даво мебошад; бо сирко сиришта банданд, ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад; бо кӯфтаи тухми зағир даромехта барбанданд, пучакро мекафонад ва қарахши захмҳоро меканад. Чун саргини кабутарро бо орди гандум ва оби гарм, камтар қатрон (дёготь) марҳам сохта, се шабонарӯз ба доғи пес гузошта банданд ва баъд бишӯянду аз нав ин амалро такрор намоянд, яъне марҳами нав сохта, се шабонарӯз гузошта банданд, дар бобати дафъ кардани пес бағоят пуртаъсир аст. Ин саргинро бо сирко хамир карда гузошта банданд, ширинҷаҳо, ҳамаи намуди истискоро шифо мебахшад. Агар ин саргинро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, пешоби бандшударо мекушояд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад.
Равғанашро бимоланд, доғи решҳоро дафъ менамояд.
Сарашро бо пар ва мӯй сӯхта, ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мекунад, торикии чашм ва шабкӯриро шифо мебахшад.
Чун шиками бачаи кабутарро шикофта, гармогарт ба ҷои каждумгазида бибанданд, захри онро кашида берун мекунад.
Мизоҷи тухми кабутар бисёр гарм аст. Агар инро хом бихӯранд, шахшӯлӣ ва дуруштии узвҳои даруни синаро ислоҳ мекунад, ранги рухсорро неку мегардонад. Агар инро кӯдакон бо асал бихӯранд, ба зудӣ ба сухан меоянд, яъне зуд забонашон бармеояд. Панҷ донаи ин тухмро бо равғани хук даромехта, ба закар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё