Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Вале бо асал даромехта бихӯранд, овозро соф мегардонад. Ним граммашро бо зардии тухми мурғ бихӯранд, қуввати боҳи одамони тармизочро ба ҳаракат меоварад ва инчунин аз хислати марди маҳрум гашта бошанд, аз нав барқарор мекунад. Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, азият ва газанди давоҳои каттолро нест месозад; бо шароби кӯҳна бихӯранд, хуни равони бавосирро қатъ мекунад.

Пашмпораеро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, хунравиро аз бачадон қатъ мегардонад.

Худи инро батанҳоӣ гузошта банданд, варамҳои гармиро таҳлил медиҳад, шири дар пистон шахшударо меғудозад ва равон мекунад.

Чун инро бист бор бо обу асал бисоянд, хушк кунанд, баъд дар равғани зайтун ба миқдоре, ки се ангушт аз он боло бошад, биҷӯшонанд ба ҳадде, ки сеяки равған аз доғ парида равад. Баъд онро бо тухми индов ва асал даромехта лесиданӣ созанду ҳар рӯз ду бор ангуштпеч гирифта тановул намоянд, барои соф кардани овоз, некуии ранги рухсор, дафъ кардани моддаҳои нодаркори бадан давои бемисл аст. Ё ки чун бо равғани зайтун биҷӯшонанду бо асал даромехта, ҳар рӯз кам-кам аз он бихӯранд, низ овозро соф ва ранги рӯйро неку мегардонад.

Вале хӯрдани рими оҳан ба шуш зарар дорад. Дар ин маврид катиро ё асал бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан аз рими оҳан дар як рӯз аз 0,5 то 1 грамм аст. Зиёда аз ин ба дарун истеъмолаш ҷоиз нест. Зеро оқибатҳои бадро ба амал меоварад.

  1. Сурма

Маълум, ки инро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд онро дар об андохта шӯстушӯй медиҳанд. Сурмаи шӯстагӣ барои даво латифтар ва форамтар мегардад.

Мизоҷи дар дараҷаи дуввум сард ё дар саввум хушк аст. Ба қавли Абӯали ибни Сино мизоҷи ин дар дараҷаи якум хунук ва дар дуввум хушк аст. Вале Ҳаким Муҳаммад бинни Ҳасан гуфтааст, ки сард ва хушк дар дараҷаи чаҳорум мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: сурмаро ба дарун банудрат

пешина
аз 702
навбатӣ