Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сард карда, он дӯгро бинӯшанд, барои бемориҳои исҳоли хунин, беҷо равон шудани ҳайз, хунравиҳо аз поёни бадан ва иллатҳои мақъад қавитар аз оби оҳангарон аст.

Оҳансоваро дар шаробе, ки заҳролуд бошад, бияндозанд, заҳрро аз он шароб ба худ ҷазб мекунад ва дигар асари заҳр дар он намемонад. Соваҳои оҳанро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро нимгарм дар гӯш чаконанд, омадани римро аз он қатъ мекунад ва иллати гӯшро сиҳат мебахшад, агарчи кӯҳна ҳам шуда бошад.

Хӯрдани оҳан шикамро ба дард меоварад, даҳанро хушк мекунад, дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолатҳои рӯйдода шири тозадӯшида бинӯшанд, ислоҳи зарар менамояд.

  1. Рими оҳан

Инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт тафсонидан аз он ҷудо ва дар таги кӯра шах шуда мемонад. Инро дажғоли оҳан ҳам мегӯянд ва ба русӣ шлак мехонанд. Ин беҳтарини римҳои фулуззот аст. Инро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, баъд хушк намуда, шуста ва хеле маҳин ос карда сони истеъмол мекунанд. Дар ос кардани он ҳар чӣ қадар бисёр бикӯшанд, ҳамон қадар сифатноктар мегардад. Вале агар барои бемориҳои чашм ва гӯш истифода карданаш лозим бошад, бояд ки бе сирко бошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин доруи бисёр қавӣ мебошад, хусусияти хушккунандагӣ дорад. Агар бихӯранд, меъда, дил ва майнаро пуркувват мегардонад, хунравҳои гуногун ва беҷо равон шудани ҳайзро манъ менамояд, инчунин ҳомила шудапро манъ месозад; бавосир ва бемориҳои сипурзи тармизоҷро даво мешавад, рутубатҳои дохилиро хушк мегардонад, захми рӯдаҳо ва ҳичакро шифо мебахшад, сустии мақъадро ислоҳ мекунад, беихтиёр равон шудани пешобро ба ибро меоварад, варамҳоро таҳлил медиҳад.

Соидаи инро чун сурма ба чашм кашанд, дағалии пилқҳои чашмро ислоҳ менамояд. Инро бо об даромехта, дар гӯш чаконанд, гӯшро аз чирк пок мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ