Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
истеъмол мекунанд. Зеро агар бихӯранд, овозро мегирад, ба узвҳои даруни сина ва шуш, инчунин ба буғумҳо зарар дорад. Агар инро бисёртар бихӯранд, котил аст.
Сурмаро ба чашм кашанд, саломатии чашмро нигоҳ медорад, асабҳои ин узвро қавӣ мегардонад, биноии пиронро меафзояд, инчунин ҳарорат, рутубат ва хирми чашмро дафъ мекунад, захмашро шифо мебахшад. Барои дарди сар, хунравӣ аз ҳар ҷои бадан, ки бошад, барои пок намудани рими решҳо ва нест кардани гӯшти ҳароми онҳо, қатъ кардани ҷараёни ҳайз ва ба ҳам оварда сиҳат кардани реши мақъад, ба ҳам часпонидани даҳани ҷароҳатҳо ва куштани шупуш даво мешавад.
Инро бо андак мушкаи соида даромехта, ба чашм кашанд, биноии чашм ва асабҳои онро қувват мебахшад, хирмашро ҳам нест мекунад. Агар бо марворид, саргини калтакалос ва наботи сафед даромехта, ба чашм кашанд, пардаи бар он афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва инчунин гули чашмро дафъ менамояд. Агар инро бо татуми соида якҷо карда ба чашм кашанд, обрави ва кӯтури чашмро ислоҳ месозад. Чун иклимиё ва сурма — ҳар дуро баробарвазн гирифта, нарм ва махин соида, бо асали кафкгирифтаи рақиқ (суюқ) даромехта, ба чашм кашанд, дарди сарро ба ибро меоварад ба шарте, ки агар сар аз тарафи рост дард мекарда бошад, ба чашми рост ва агар тарафи чапи сар дардманд бошад, ба чашми чап мекашанд, вале агар дард дар ҳар ду ҷониб бошад — ба ҳар дуи чашм.
Акнун дар омади гап, мафҳумеро муайян намоем.
Иклимиё — ин моддаест, ки дар вақти гудохтани тилло ва нуқра ҳамчун чирк ва рими фулузоти дигар ба рӯи нуқра ва тиллои гудохташуда бармеояд.
Агар сурмаро бо оби кашнизи тар ҳамроҳ карда,
хусусан ба он каме кофур низ илова намуда, дар аввали бемории нағзак (гулак) ва сурхича (қизомук) ба
чашм кашанд, намегузорад, ки обилаҳои онҳо дар даруни
чашм пайдо шаванд, низ ҳарорат ва рутубати чашмро
дафъ мекунад, захмашро низ шифо мебахшад. Анорро
бо пӯсташ кӯфта, обашро фишурда гирифта, сурмаро
бо ҳамин оби анор ё бо оби татум даромехта, ба чашм
кашанд, ҳамаи бемориҳои номбаршудаи чашмро шифо
мебахшад. Инчунин сурмаро бо оби ҷизҳои номбурда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор