Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
доғи нави пес, маҳази нав ва филпро шифо мебахшад. 0,2 грамми онро бо равғани гов биёмезладу бимоланд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. 0,2 грамми онро бо канди сафед ё ҳамин миқдорашро бо оби кашнизи тар бихӯранд, газанди заҳрҳоро бартараф менамояд. Миқдори ду биринҷи онро бо оби пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ) бинӯшанд, низ таъсири ҳамаи заҳрҳо аз бадан дафъ мекунад.
Ҳар рӯз ба дили наҳор ним ё як соат пеш аз ноши-то ба миқдори донаи биринҷи онро бихӯранд, аз варами ҷигар наҷот меёбанд.
- Гӯгирд
Ин калимаи қадими тоҷикӣ мебошад. Баъдтар ба сабаби пайдо гаштани гӯгирди оташзада онро олтингӯ-гирд ва хомгӯгирд ҳам номидан гирифтанд, инро ба забони арабӣ кибрит мегӯянд ва ба русӣ сера мехонанд. Гӯгирд чор навъ аст: сафед, зард, сурх ва сиёҳ. Сурхи он шаффоф, софи барроқ ва дар кони худ ҳангоми шаб монандӣ аҳгар медурахшад. Кони ин дар Хурмузи Форс ва дар ҷазираҳои Уммон аст.
Ҳакими асри якуми милод Ҷолинус навиштааст, ки гӯгирдро аз конҳои чуқур берун меоваранд ки он сурх, зард, сафед ва сиёҳ мебошад. Навъи зардаш моил ба сабзист — онро сабеӣ, сафедашро гӯгирди форсӣ ва мо-ил ба кабудиро гӯгирди тира меноманд. Беҳтарини ҳа-ма сурхи пурнури он аст, ки соф ва сахт бошад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, бо вуҷуди ин дараҷаи гармиаш аз хушкии он зиёд-тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар кӯфтаи инро бо зарди тухми нимбирён (нимпухта) даромехта бихӯ-ранд, зуком, назла ва сурфаи тарро шифо мебахшад, аз узвҳои даруни сина ва шуш рим ва балғамро хориҷ мегардонад, зардпарвин ва заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад.
Худашро танҳо ё бо об ва ё бо доруҳои муносиб биёшоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, ҳайзи банд-шударо мекушояд, инчунин бар зидди заҳрҳо тарьёк мебошад, Кӯфтаи онро бипошанд, низ зарари заҳри ҷонваронро дафъ мекунад.
Як миқдор гӯгирд, ним вазни он шилми бодомро бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор