Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

0,2 грамми онро бо оби карафси тар ё бо пӯсти решаи кавар бихӯранд, варами чанинро шифо мебахшад.
0,2 грамми онро бо шири навдӯшида бихӯранд ё бо камтар шакар фурӯ баранд, барои захм ва дардҳои сӯрохи закару ҳичак дору мешавад. Ҳар ҳафта як мартаба ба миқдори ду биринҷи онро бо равғани гӯв бихӯранд, боди бавосирро, ки дарди дар ҳама ҷойҳои шикам даврзананда мебошад, шифо мебахшад, инчунин дардҳои меъдаро низ дафъ мекунад.
Камтареро аз мӯмиё бо орди гандум хамир карда, дар сӯрохи пушт бардоранд, барои касоне, ки барои нигоҳ доштани пешоби худ сабр надоранд ва касоне, ки пешобашон беихтиёр равон мегардад, дармон мешавад. Инчунин камтар мӯмиёро бо равғани зайтун даромехта, дар сӯрохи пушт бардоранд, чакмезад ва бесабриро дар пешоб кардан сиҳат мебахшад, инчунин сустии маҳзадро (кӯтанро) дар соҳибаш ҳангоми мубошарат баробари хориҷ гаштани манӣ саргинаш ҳам бармеояд, шифо медиҳад.
Ҳаким Муҳаммади Закариё нақл кардааст, ки касеро маниаш ҳарҷ шуда бошад, хоҳад ки ба зудӣ ба ҳоли аслиаш баргардад, дар вақти ҳаракати мубошарат ҳангоми хориҷ шудани маниаш миқдори ду ҷави мӯмиёро дар 17,5 грамм асали сафед ҳал карда бихӯрад, агар он кас гарммизоҷ бошад, бо шарбатҳои хунукмизоҷ биёшомад, аз нав ҳоли аслиаш барқарор мегардад.
0,5 ё 0,7 грамм мӯмиёро дар равғани гулисурх ё дар се адад зардаи тухми мурғ ҳал карда бихӯрад, барои дарди буғумҳо, беҷо шудани буғумҳо, лат хӯрдани мушак ва асаб, даридан ва канда шудани асаб, шикастани устухон, чалакидани майна ва монандӣ инҳо даво мешавад. Инчунин хӯрдани он бо шароби соф барои беморӣ ва офатҳои мазкур шифо мебахшад. Барои чароҳат ва захмҳои кӯҳна ва носур ба вазни 0,5 грамми онро бо 3,5 грамм равғани обкардаи хук ва ин миқдор мӯмиёро бо равғани зайтун даромехта, аз рӯ бимоланд, шифо мебахшад. Барои иллатҳои ботинӣ ва лат хӯрданҳо 0,5 грамм мӯмиёро дар равғани гулисурх ё равғани кунҷид ҳал карда бимоланд, нафъ дорад. Агар ба касе тир зада ё ягон ҷон бадан чок шуда бошад, ба он ҷо бимоланд ва аз дарун низ бихӯранд, сиҳат мегардонад. 0,25 грамми онро бо обе, ки дар он зарпечак ҷӯшонида шуда бошад, ҳафт рӯз пайдарҳам бихӯранд,

пешина
аз 702
навбатӣ