Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ё фатиларо дар он тар карда ба дарун, гӯш гузоранд, гаронии гӯш, реш, захм ва омадани римро аз он шифо мебахшад. Табиби машҳур Аристотолис гуфтааст, ки мӯмиёро дар равғани бенамаки хук ҳал карда, дар гӯш чаконанд, кариро, ҳатто кари модарзодро шифо мебахшад. Инро бо кофур ё бо оби райҳони гӯши муш даромехта, ба даруни бинӣ чаконанд, хуни биниро манъ мекунад, инчунин дигар бемориҳои биниро шифо мебахшад. Миқдори як биринҷ мӯмиёро дар равғани сир ҳал карда, дар бинӣ чаконанд, чарх задани сарро нест мекунад.
Мӯмиёро бо асал даромехта, ба забон бимоланд, лукнати забонро ислоҳ мекунад ва гаронии онро дафъ месозад.
Миқдори як ҷави онро бо шири ҳар бихӯранд, иллати хун кай карданро дафъ мекунад, инчунин хуни биниро ҳам манъ менамояд ва агар дар бинӣ чаконанд, низ хуни биниро мебандад.
Донаи ҷав барин мӯмиёро бо сиканҷабин ё бо оби наъноъ биёшоманд, дарди шадиди гулӯро, ки аз ҷамъ шудани хун дар он ҷо ба амал омада бошад, дафъ мекунад. 0,2 грамм мӯмиёро бо ширинии тут бихӯранд, дард ва варами ҳалкумро шифо мебахшад. Миқдори як биринҷи онро бо оби челон ё бо оби сагпистон, ё бо оби ҷав, ё бо оби решаи бепӯсти ширинбия биёшоманд, барои дарди гулӯ, ки сабабаш ҷамъ шудани хун бошад, дармон мешавад. Миқдори як биринҷи онро бо оби сагпистон ё бо оби ҷав се рӯз пайдарҳам ба дили наҳор бихӯранд, сурфаро нест мегардонад. 0,2 грамми онро бо оби наъноъ бихӯранд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ дар дил бошад, нафъ дорад.
0,2 грамм мӯмиёро бо обе, ки дар он зираи сиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, беҳузур (беҷо) шудани дил, дилтапак, сустӣ ва қароқури меъда ва боднокшавии шикамро, ки сабабаш зиёд шудани балғам бошад, шифо мебахшад ва рутубати зарарноки сари меъдаро хушк мекунад; узвҳои даруни сина ва меъда зарб хӯрда бошанд, дармон мегардад. Миқдори як биринҷи онро бо обе, ки дар он зираи сиёҳ ё тухми карафс ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дарди сипурзро ба ибро меоварад. Миқдори як биринҷи онро бо оби кашнизи тар ё бо оби решаи кавар бихӯранд, дард, пурбод ва бузург гаштани сипурзро ислоҳ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ