Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мустаҳкам менамояд; гулӯҳои бачадони занҳо бӯғма шуда бошад, мекушояд ва ҳамаи бемориҳоеро, ки аз хунукӣ бошанд, шифо мебахшад; иллати хун кай кардан, ҷароҳати хичак, беихтиёр равон шудани пешоб, махави нав саршуда, филпо ва гаронии забонро даво мешавад; аз газидани каждум озор расида бошад, онро дафъ мекунад, варамҳои хунук ва мулоимро таҳлил медиҳад, устухони шикастаро ба ҳам мечаспонад, зарб хӯрданд (хоҳ майна бичалакад ё ҷои дигар лат хӯрад) нафъ дорад.
Баробари як вазни ҷави онро бо оби райҳони гӯши муш бихӯранд, барои дарди сари аз хунукӣ суратгирифта, дарди нимсар, саръ, чарх задани сар, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, суст ва нотавон мондани ягон узв даво мешавад. Ба вазни ду ҷави онро бо обе, ки дар он кокулӣ ва чокулаи кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, дуру дароз ва бемаврид сахт хобиданро ба ислоҳ меоварад.
Ба вазни як ҷави онро бо обе, ки дар он райҳони гӯши муш ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, бимоланд, дар бинӣ бирезанд ва дар гӯш бичаконанд, инчунин ба ҷои оби он райҳон ҷӯшёфта равғани савсани сафед даромехта, дар гӯшу бинӣ бичаконанд, дардҳои кӯҳнаи сарро, ки аз хунукӣ бошанд, инчунин боди майна ва хунукии мағзи сарро шифо мебахшад. Миқдори як ҷави мӯмнёро дар равғани зайтун ва асал ҳал карда, дар бинӣ ва гӯш бичаконанд, бодҳои дар майна ҷамъшударо пароканда мекунад.
Дар омади гап, гирифтани равғани савсани сафед чунин аст. Масалан, ним литр равғани кунҷиди навро дар зарфи шиша рехта, даруни он равғанро аз гули савсани сафед пур намуда, ба офтоб мегузоранд. Дар муддати панҷ-шаш рӯз рангу бӯй ва қуввати гул ба равған мегузарад. Гулро фишурда дур намуда, аз нав гули дигар меандозанд ва ҳоказо, то панҷ-шаш навбат гули дигар карда, баъд равғанро соф карда мегиранду нигоҳ медоранд.
Миқдори як биринҷ мӯмнёро бо обе, ки дар он карафс ҷӯшонида шуда бошад, андохта, ба инҳо зираи
сиёҳ дохил карда биёшоманд, барои каҷ шудани рӯй
дору мешавад. Чоряк грамми онро бо обе, ки дар он
кокулӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, иллати ларзакро дафъ мекунад. Миқдори як биринҷи онро дар
равғани гулисурх ҳал карда, нимгарм дар гӯш чаконанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор