Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дока пӯшида, ҳашт ё даҳ рӯз мегузоранд. Дар ин муддат ҳамаи ҷавҳари мӯмиё чун канд ҳал гашта, ба таркиби об мегузарад ва чизҳои нодаркораш хуб тахшин мешавад. Баъд он обро ба зарфи дигар мерезанду дар ҷои бодваз ва ё ба офтоб мегузоранд. Обаш ба-тадриҷ бухоршавон парида, мӯмиёи холис дар тағи зарф ба қивом мерасад. Агар он оберо, ки мӯмиёи хомро тар мекунанд, ақаллан то ҷил дараҷа гарм кунанд, ҷавҳари пурқимати нозукаш парида меравад — аз ин мӯмиён аълосифат тайёр намегардад.

Имтиҳони мӯмиёи волосифат ин тавр аст. Як миқдореро аз он дар миёни ду ангушти даст бигиранд, мӯмиён хушк ва сахт худ аз худ мулоим мегардад. Имтиҳони дуввум он аст, ки пои мург ё хурӯсро шикаста, ба он донаи биринҷ барин аз мӯмиё мехӯронанд. Агар дар муддати як шабонарӯз пояш сиҳат ёбад, мӯмиёи холис аст. Имтиҳони саввум чунин аст, ки ҷигари гӯсфанди нав кушташударо бо пораи най ҷоқ карда, ба он чок мӯмиёро мемоланд. Агар аз ин кор ҷоки ҷигар ба ҳам бичаспад, мӯмиёи волосифат аст.

Вале баъзе одамони каллоҳ мӯмиёи хомро аз кӯҳ ёфта, ба он панҷ-шаш тор мӯи бузро часпонида, «мӯмиёи такагӣ» гӯён ба нархи қиммат мефурӯшанд ё чизи дигарро, мутаассифона, бо унвони мӯмиё пул мекунанд. Ин, албатта, дар навбати аввал фиребгарӣст!

Ранги мӯмиёи аълосифат сип-сиёҳи барроқ ва таъмаш талхи форам мебошад. Мӯмиёи ҳақиқӣ бӯи бад ва нохуш надорад, балки андак бӯи нефтӣ аз он шамида мешавад. Мӯмиё қуввати шифобахши худро то чил сол нигоҳ медорад ва баъд бекора мегардад.

Мизоҷи мӯмиё дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани мӯмиё рӯҳ ва дилро қавӣ мегардонад, фарах мебахшад, моддаҳои хунукмизоҷи дар бадан бударо пароканда мегардонад, ба узвҳои дохилӣ ва берунӣ қувват мебахшад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк мекунад, ҳамзаи қувватхон баданро нигоҳ медорад; агар моддаҳои ғафс мавҷуд бошанд, онҳоро рақиқ (суюқ) мегардонад, зуд таъсир мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, узвҳои дохилиро аз моддаҳои зарарнок пок месозад; барои хиккак (хикиҷок), фолич, ларзак ва каҷ шудани рӯ даво мешавад, ҳар гуна заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад; дарди меъда ва дарди дилро шифо мебахшад, меъдаро

пешина
аз 702
навбатӣ