Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

иллати саръро нест мекунад. Ва чанд қатра аз ин то чанд рӯз ба даруни бинӣ бичаконанд, низ аз иллати саръ наҷот меёбанд. Агар инро ба даруни бинӣ кашанд, барои фолич фоида дорад. Агар инро дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро бартараф менамояд. Инак, агар инро дар бинӣ бикашанд, бемориҳои аз сардӣ баамаломадаи бинӣ ва майнаро сиҳат мебахшад.

Аммо ин равғанро бесабаб хӯрдан ҷоиз нест. Зеро ба меъда зарар дорад, дар ин ҳолат сирко нӯшида ислоҳ метавон кард.

  1. Мӯмиё

Ин калима аслан юнонӣ буда, маънояш баданро аз бадиҳо нигоҳдоранда мебошад. Баъд ин калима ба халқҳои форсизабон гузашта ва онҳо ба охири ин калима «и»-и масдарӣ илова намуда «мӯмиёй» гуфтанд.
Дар тибби қадим низ ҳамин тавр номида шудааст. Вале дар забони тоҷикӣ шакли юнониаш устувор мондааст.

Ин чизест, ки аз ҷисмҳои кӯҳӣ, яъне аз мағзи санг дамида ва гоҳо ба обҳои мағзикӯҳӣ ҳамроҳ шуда, таровиш мекунад, гоҳе дар мағораҳо, зери кӯҳпораҳо ва шикофу тарқишҳои кӯҳ, ки ҷонварон расида наметавонанд, сип-сиёҳ ҷамъ ва хушк шуда мемонад. Дар баъзе мавзеъҳои кӯҳистон мӯмиё ба рӯ медамад. Он дамидаҳоро ҷонварони гуногун ёфта мехӯранд. Дарҳол даруни онҳоро меронад ва мӯмиёи хӯрдаашон ба онҳо хислатҳои шифобахши худро дода, дар ҳамон ҷо бо саргин якҷо хориҷ мегардад ва баъд монанди саргини муш шах ва ҷамъ гашта мемонад. Инро маҳсули таккаи бузи кӯҳӣ гуфтан ва ғайра гумон кардан тамоман беасос аст. Арабҳо инро «арак-ул-ҷибол», яъне арақи кӯҳсор меноманд. Одамони кордон ҳамаи инро ҷамъ карда мӯмиё тайёр мекунанд.

Хубтарин мӯмиё аз ҷойҳое, ки ҷонварон расида натавонанд ва дар минтақаҳои сардтар мебошанд, гирифта, баъд тайёр карда мешавад. Аз он чӣ, ки монанди саргини муш бошад, тайёр намоянд, он дараҷа аълосифат намешавад.

Тариқи тайёр кардани мӯмиёи ҳақиқӣ ин тавр аст.
Мӯмиёи хоми кӯҳиро ҳар яке ба миқдори санҷид резареза карда, дар оби нимгарм тар мекунаду бар болояш

пешина
аз 702
навбатӣ