Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

табақ барои гулӯи колба сӯрох дошта бошад, колбаро сарозер гулӯи онро ба сӯрохи табақ ҷо мекунанду ба зери даҳани колба қиферо мегузоранд ва дар зери қиф зарферо ҷо медиҳанд. Баъд дар табақ аз атроф ва болои колба ангишт гузошта, оташ медиҳанд. Аз гармии оташ дар колба кӯфтаи хишт тафсида, равғанро берун медиҳад ва дар гулӯи колба равған аз нах гузашта софшавон ба даҳани қиф мечакад ва аз қиф ба зарфи поёнӣ меояд.

Мизоҷи ин равған бағоят гарм аст, зуд таъсиркунанда, таҳлилдиҳандаи варамҳо ва парокандакунандаи моддаҳои зарарнок дар бадан мебошад ва арақ меоварад. Агар аз он 4,5 грамм бихӯранд, сангҳои ҳичакро майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад ва тамоми бемориҳои аз сардӣ суратгирифтаи ҳичакро нафъ дорад, кирмҳои дар меъда ва рӯдаҳо пайдошударо мекушояд; барои дарди аз хунукӣ баамаломадаи рӯдаҳо, бод ва боднокшавии ботинӣ ва зоҳирӣ давои хубест. Қуввати заҳрҳоро, аз ҷумла заҳри каждумро мешиканад. Ба миқдори дар боло гуфта бихӯранд, барои иллатҳои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, ларзак, караҳтӣ, ногавон гаштани узвҳо, ирқуннасо (радикулит) ва дарди буғумҳо шифо мебахшад, инчунин хуни дар ягон ҷой балан шахшударо мегудозад.

Агар ин равғанро ба чашм кашанд, аз боло фуромадани зардобро, ки гавҳараки чашмро тира мегардонад ва соҳибаш аз ин кӯр мешавад, дафъ мекунад ва дар ин амал бемисл аст. Агар ба он равған пахтаеро олонда ба даруни мақъад бардоранд, хуни бавосирро, ки банд шуда бошад, мекушояд, донаи бавосирро меафтонад, кирмҳои рӯдаи ростро мерезонад. Агар ҳамин тавр пахтаро ба ин равған тар карда занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшудаи онҳоро мекушояд, бачаро аз шиками ҳомила меафтонад, хоҳ мурда бошад ё зинда, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) тифлро низ зуд берун меоварад. Агар ин равғанро ба пушти сар бимоланд, нисён (фаромӯшотӣ)-ро шифо мебахшад. Ин равғанро дар бинӣ чаконанд, бемории саръ (припадка) ва нисёнро сиҳат мебахшад. Агар инро ба дандонҳо бимоланд, кирми дандонро мекушад, дардасро ҳам таскин медиҳад, инчунин ба решҳои бадфиёл бимоланд, онҳоро дафъ мекунад.

Ҳар рӯз аз ин равған ба миқдори 4,5 грамм бихӯранд,

пешина
аз 702
навбатӣ