Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
пахтадор печонида, ба узве, ки аз сардӣ ё аз зиёд гаштани моддаҳои хунукмизоҷ газақ гирифта ё аз бод пайдо кардан дард мекарда бошад ва ё ба мавзеъи бавосире, ки дарди шадид дошта бошад, гармбандӣ кунанд, он узв арақ меоварад, бо ин восита моддаҳои сардмизоҷи онро дафъ мегардонад, дарди шадиди онро таскин медиҳад ва худи бавосирро гудохта нест мекунад. Агар онро кӯфта, бо оби ғӯраи ангур хамир карда гузошта банданд, дона ва обилаҳои дар пӯст пайдошударо шифо мебахшад ва намегузорад, ки дигар ба беруни пӯст зада бароянд. Агар инро бо саргини тари гов хамир карда, ба варамҳо, доначаҳои беранги дар пӯсти бадан пайдошаванда, истисқо (водянка)-и обӣ, истисқои гӯштӣ ва сустии ҷигар, ки касро аз корубор бозмедорад, гузошта банданд, шифо мебахшад.
Хишти пухтаро кӯфта, ба ҷароҳатҳо бипошанд, хунашро аз рафтан манъ мекунад. Ҳар гуна хишти пухтаро, ки оташ бар он нарасида бошад, гарм карда, нишастгоҳи худро бар болояш бидоранд, исҳолро, ки аз зиёд гаштани рутубат бошад ё дар натиҷаи афзудани боди сардмизоҷ сурат гирифта бошад, ё бавосири дарднок пайдо шуда бошад, таскин медиҳад. Агар ба он хишти гарм равғани гулисурх бирезанд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад. Чун ду хишти пухтаи обнадидаро ба ҳамдигар бимоланд ва гардеро, ки аз ин соиш пайдо шуда бошад, ба узве, ки аз сардӣ дард кунад ва варамида бошад, аввал асал бар он молида, баъд он гардро аз рӯяш бипошанду дар офтоб нишинанд, дард ва варами онро дафъ мекунад.
Табибони ҳозиқ инро озмуданд, ки агар хишти пухтаро реза карда, дар дӯғи гов андозанд у як шаб ҳамон тавр гузоранд, пагоҳӣ он дӯғро соф намуда бинӯшанд, захми кӯҳнаи сиҳатнашавандаро шифо мебахшад.
Аз хишти пухта равған ҳам тайёр мекунанд. Ин равғанро бинобар манфиати баланд ва бисёр дошта- наш равғани муборак ҳам меноманд. Санъати тайёр кардани ин равған ба ин тариқ. Хишти пухтаи сурхи обнадидаро ба андозаи санҷид реза-реза мекунанд. Баъд онро дар оташ сурх гардонида, ба даруни равға- ни зайтун меандозанд, то он ки равғанро ба худ ҷазб кунад. Сонӣ онро аз равған берун оварда, кӯфта, дар колбае, ки гили бӯта андуда шуда бошад, пур меку- нанд. Дар гулӯи колба нахи зағирпоя ё лифи канаф ҷо мекунанд. Баъд дар як табақи фулузӣ, ки миёнаҷои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор