Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Агар инро бо шакар бихӯранд, пешоби бандшудае, ки бо ҳеҷ як даво кушода нагашта бошад, ба зудӣ равон мегардонад. Барои ин бояд, ки шӯра як грамм ва шакар 7 грамм бошад. Боз як намуди табобати пешоби бандгашта аз ҳамин иборат аст, ки агар каси пешобаш бандшуда 4,5 грамм шӯраи қаламиро бо 9 грамм хардал (горчица) бо он миқдор об, ки ба як дафъа нӯшида тавонад, биёшомад, ҳамон соат пешобаш кушода мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан аз шӯра дар як рӯз то 1,75 грамм аст. Вале хӯрдани ин ба сурхрӯда (сурхнӯй) ва гурда зарар мекунад. Дар ин гуна зарарҳояш асал ё катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

  1. Хишти пухта

Ин ду хел аст: сафед ва сурх. Қисми сафеди хишти пухта он аст, ки онро дар кӯраи оҳакпазӣ мепазанд. Қисми дуввум хишти сурх аст, ки онро дар хумдони хиштпазӣ мепазанд ба ин тариқ. Як қабат хезуми хушк ё саргини хушки гов ва ғайра гузошта, аз болои он хишти хоми хушкро пай мечинанд. Аз рӯи он боз ҳезум меандозанд ва бар болои он боз хишт пай чида ва ҳамин тариқ чанд қабат, ки хоҳанд, ҳамчунин таҳ бар таҳ сохта, ҳезумҳоро оташ медиҳанд, то ки ҳезум батамом бисӯзад ва ҳамаи хиштҳо пухта гарданд.

Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум гарм ва дар чорум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хишти пухтаи сафедро, ки об нарасида бошад, дар оташ монанди аҳгар сурх кунанд ва баъд онро ба он миқдор об андозанд, ки об ба ҷӯш ояд. Сонӣ ҷодаре ё кампале бар сар гирифта, сарро ба бухори он бидоранд, то он ки арақ ояд. Ин барои дур кардани моддаҳои зарарноки майна, ки сардмизоҷ бошанд, назлаҳои кӯҳна, ки касро ҳамеша беморӣ медоранд, инчунин дарди сари дерина — барои ҳамааш давои бемисл мебошад, ки ин дар муддати асрҳои дароз озмуда шудааст. Агар ин хиштро бо намак якҷо кӯфта, бо сирко хамир карда гузошта банданд, сабӯсаки сарро нест мекунад.

Ин хишти пухтаи обнадидаро ё порчаеро аз он, хусусан, ки сафед бошад, дар оташ гарм карда, қадре об ё шароб ба он пошида, дар миёни як намад ё кӯрпаи

пешина
аз 702
навбатӣ