Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
нигоҳ доранд, бадбӯии ин узвро нест мекунад, ташнагиро мешиканад, дилро қавӣ мегардонад, фараҳ ва нишот меоварад.
Ёкутро ба худ овезанд, чашми бад намемерасад, аз офати тоун эмин мешаванд, ҳавои вабоиро тағйир медиҳад; ба иллатҳои васвос, саръ ва дилгапак гирифтор намегардонад, дар назари мардум бошукӯҳ метобанд, низ хунравиро қатъ мекунад ва хуни шахшударо мегудозад, гуфтаанд.
Ёкутро чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро қавӣ мегардонад ва саломатии ин узвро нигоҳ медорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ёқут дар як рӯз аз 0,19 то 0,5 грамм аст.
- Шӯра
Ин чизе мебошад, ки мо дар заминҳои шӯразор мебинем, рангаш монандӣ қирав аст. Агар намии замини шӯразор тамоман кам, яъне қоқ гардад, он гоҳ хокаш ба ранги сиёҳ метобад.
Дар вақти қадим ана ҳамон хоки шӯразорро дар об ҷӯшонида, оби софи онро ба ҷои салқин мегузоштанд. Шӯрааш монандӣ намак шах шуда, дар рӯи об қарор меёфт; ё монандӣ қилхон сафед, ё мисли намаки рез мегашт. Онро ҷудо карда истифода мебурданд; ҳам дар корҳои тиббӣ ва ҳам барои тайёр кардани борут. Ин боз як навъи дигар ҳам дорад, ки онро шӯраи қаламӣ мегӯянд. Тайёр кардани ин чунин аст. Оби софи шӯра ҷӯшонидашударо дубора меҷӯшонанду хунук мекунанд. Шӯраи аз ин баста борик-борики дарозак аст, ғафсӣ ва дарозиаш ними чӯби гӯгирд барин, вале андак нӯгтез аст. Ана ҳаминро шӯраи қаламӣ меноманд. Алҳол шӯраро дар замони мо селитра мегӯянд — ҳамон селитрае, ки ҳамчун нурии минералӣ ба заминҳои зироат мепошиданд.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, гиреҳҳои дар рагҳо ва дар дигар ҷойҳои дохили бадан пайдошударо мекушояд, баданро аз балғам ва римҳо пок мекунад. Хусусияти поккунандагӣ ва инчунин дарунро поккунандагии он аз намак ва танакор қавитар аст. Барои иллатҳои сипурз ва дарди миён фоида дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор