Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

тановул кунанд, ширинӣ мутлақан нахӯранд, аз хӯрдани гӯштҳои ҳайвоноти он диёр агар тавонанд, худдорӣ кунанд ва агар нашавад, ҳаддалимкон бисёр кам бихӯранд; аз тарёкҳо тарёки форуқ (таръёки афъӣ), чадвори бунафш — ҳар як, ки мавҷуд бошад, батакрор бихӯранд, бисёр хуб аст.

  1. Ёқут

Ин аз сангҳои нодир ва гаронбаҳо мебошад. Инро аз кон ва маъдан ҳосил мекунанд, дар ҳаҷм гуногун мебошад: калон, миёна ва реза. Рангҳояш ҳам гуногун аст: сурх, зард, кабуд, сабз, пуштӣ ва сафед. Ва ҳар яке аз инҳо рангин, миёна ва камранг мешавад. Беҳтарини ҳамааш ёқути руммонӣ (сурхи хушранги оби анор), обдор ва сахти шаффофи он аст. Вале навъҳои кабуд, ҳаворанг, сурмаранг, лоҷвардӣ ва пуштинии он камёб мебошад. Лаъл ҳам як навъи ёқути сурх аст.
Беҳтарини ҳар як намудаш он аст, ки сахти соф, шаффофи якранг бошад. Ёқут аз ҳамаи сангҳо сахттар аст ва дар сахтӣ баъд аз алмос мақом дорад. Ҳарчанд дар ҳаҷм калонтар бошад, қиматтар мегардад. Навъи кабудаш сахттар назар ба сурхи он, сурҳаш аз зарди он ва пуштиаш дар сахтӣ ба сурх наздиктар аст, вале сафеди он аз ҳама мулоимтар ва дар қонаш хом ва ноқис мондааст. Ранги ёқут аз равған молидан тира мегардад.
Мизоҷаш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар дараҷаи дуввум хушк мебошад. Зардаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, кабудаш дар дараҷаи якум гарм ва дар саввум хушк аст, навъи сафедаш дар гармиву сардӣ мӯътадил ва дар аввали дараҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 3,5 грамми онро биёшоманд, саръ, васвос, дилтапак (дилсӯзӣ), тоун (чума), шаҳ шудани хун дар дарун, хунравӣ ва захрҳоро дафъ мекунад; ҳавои вабоиро табдил медиҳад, хунро соф мегардонад, ҳарорати модарзодии баданро нигоҳ медорад; қувватҳои баданро, ки қуввати нафсонӣ (қуввати рӯҳӣ), қуввати ҳайвонӣ (қуввати ҷисмонӣ) ва қуввати табиӣ мебошанд, устувор медорад. Агар ангуштари онро ба даст бипӯшанд, ҳоҷатҳо иҷро мегарданд, зарари барқ ва тоунро дафъ мекунад. Агар ёкутро дар даҳан

пешина
аз 702
навбатӣ