Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: боди сабо, яъне боди паргӣ несткунандаи балғам, хушккунандаи рутубатҳои зиёдатӣ, кушояндаи гиреҳҳои узвҳои бадан аст; барои ҳазми таом ёрӣ мерасонад, назлаҳоро мебандад, қувваи дофиаи узвҳои баданро зиёда мегардонад; ҳоли бати одамони тармизоҷро ислоҳ менамояд; барои бемориҳои сарди тармизоҷи монанди: истиско, фолич, қач шу‐дани рӯй ва ғайраҳо нафъ дорад. Вале ин бод ба ода‐мони гарммизоҷ, баданҳои хушк ва бемориҳои сафравӣ зарар дорад; хориш, кӯтур, чинғак шудани аъзо ва мо‐нанди инҳоро пайдо мекунад.

Боди шимол аъзои баданро мустаҳкам мегардонад, сустии бадан ва лоҳасиро манъ месозад, узв ва ҳисҳои баданро қувват мебахшад, фикр ва фаҳмро бурро ме‐гардонад, ҳазмро осон мекунад, рангро соф ва ботаро‐ват месозад. Вале ин бод ба одамони сурфа, зиқ-ун-на‐фас (астма)-и хушк ва бавосирдошта зарар дорад, ин‐чунин боиси афтодани бача аз шиками занони ҳомила мегардад, зоиданро душвор мегардонад ва монанди ин‐ҳо.

Боди ғарбӣ зидди хислатҳои боди сабо дорад.
Боди ҷануб зидди хислатҳои боди шимол дорад.
Агар бод мураккаб аз инҳо бошад, барои иллатҳои мураккаб фоида дорад.

Ҳар як бод ислоҳи зарари боди муқобил менамояд, агар дигар кардани ҷои зиндагонӣ мумкин бошад, ба ин, агарчи муваққатан бошад, риоя бояд кард.

Бӯидани пиёз, сир (чеснок), сирко, зардчӯба, анбар, лодан, катрон, мӯмиё, уди ҳиндӣ, куст, кундур, санда‐рус, каҳрабо, пӯсти анорҳо, сукк (давси мураккаби бӯё), заъфарон, пиёзаки сафеди саломалек, самари ар‐ча, сандал, самари газ, зарованди дароз, чадвор, ча‐милак — инҳо ё он чӣ аз инҳо муяссар гардад, инчу‐нин дуд кардани инҳо ва газ; хӯрдани пиёз, сир, сирко, наъноъ, зардчӯба, ҳилтит (шилми болдиғон); овехта‐ни пиёзи ансул ба дари хона, пошидани сирко ба дару девор ва фарши хона ва имконпазир аз он хона берун нараванд ва агар дар зарурат берун рафтанӣ шаванд, биниро бо латтаи сирко ва сир олуда бибанданд ва зуд баргарданд — бо вуҷуди ин тадбирҳо бояд, ки аз хӯр‐дани меваҳои тар ва шир парҳез намоянд, инчунин аз ғиҷмоъ, ҳаммом кардан ва ташнагӣ худдорӣ кунанд, оби бисёр хунук нанӯшанд ва дар он чӣ бихӯранд, пиёз ва сир дохил намоянд, ғизоҳои турши беравған

пешина
аз 702
навбатӣ