Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Навшодирро дар об андохта, он зарфро дар ҷои намнок гузоранд, вай ҳал мешавад, ё бо сирко ҳал кунанд, ё батакрор онро дуд кунанд, мор ва дигар ҷонварони зарарнок аз он макон мегурезанд.

Чун маҳлули онро ба коғазе молида, он коғазро ба атрофи худ гузоранд, ҷонварони зарарнок наздик намеоянд.

Вале 10,5 грамм навшодирро агар бихӯранд, узвҳои дарунуро чок-чок ва бурида-бурида гардонида мекушад. Давои ин зиёнаш шир нӯшида, равған, қайла ва дигар чизҳои чарб хӯрда қай кардан аст.

  1. Ҳаво

Ин калимаи арабӣ мебошад ва ба тоҷикӣ бод меноманд, ки маълум аст: воситаи нафаси тамоми ҷонварон ва наботот аст. Ҳаво роҳатбахши рӯҳи ҳайвонӣ, ки манбааш дар дил мақом дорад, ки агар вай, яъне ҳаво, лаҳзае ба рӯҳи ҳайвонӣ нарасад, он рӯҳ беҳаракат ва хомӯш мегардад. Инчунин ҳаво боиси нашъунамои ҳайвонот ва наботот аст.

Мизоҷи ҳаво ба авзои ҷирмҳои фалакӣ вобаста мебошад. Масалан, агар Офтоб дар бурҷҳои фалаки шимолӣ бошад, мизоҷи ҳаво гарм мегардад. Ҳамчунин ҳангоми ҳукмронӣ ва подшоҳии яке аз сайёраҳои гарм низ ҳаво гарм мешавад. Ва ҳангоми поён рафтани Офтоб аз авҷи фалаки шимолӣ ё мавзеъ ба баҳр ҳамҷавор бошад, мизоҷи ҳаво сард мешавад. Ҳангоми тобиши Офтоб ҳавои сарзаминҳои гарм, кӯлсорҳои сангӣ ва хушк мизоҷаш гарм ва хушк мебошад. Дар сарзаминҳои мобайни баҳру уқёнус ва ҷазираҳо ҳангоми боридани борон ҳавояш мизоҷи тар ба худ пайдо мекунад.

Боди сабо, ки аз ҷониби машриқ то ба минтақаи шимол вазад, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Боди шимол, ки аз тарафи шимол то минтақаи мағриб вазад,
мизоҷаш сард ва хушк аст. Боди ғарб, ки аз ғарб то минтақаи Суҳайл (Каноп — ин ситораи дар бузургӣ дараҷаи якумдошта дар осмони ҷануб) вазад, мизоҷаш сард ва тар мебошад. Боди ҷануб, ки аз минтақаи Суҳайл вазад, мизоҷаш гарм ва тар, инчунин мураккаб аз инҳо ва мураккаб аз кайфиятҳои чоргона (гармӣ, сардӣ, хушкӣ, тарӣ) аст.

пешина
аз 702
навбатӣ