Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Нефти сафедро бимоланд, қарини ҳайвонотро дафъ мекунад.

Истеъмоли нефт барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад — давои ин зиёнаш сирко ошомидан аст; ба шуш ҳам зиён мекунад — дар ин ҳолат қатиро бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор ошомидан аз нефти сафед дар як рӯз аз 1 то 2,25 грамм ва аз сиёҳи он то 4,5 грамм аст.

Хоҳ сафед ва хоҳ сиёҳи онро бихӯранд, ҳамаи навъҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад.

  1. Навшодир

Ин моддаи сахти маълум ва монандӣ шӯра ва намак сафед аст.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва дар аввали дараҷаи саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: навшодирро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, захии онро ба ҳам меоварад, обравии чашмро, ки аз хунукӣ бошад, дафъ мекунад.

Агар инро дар оби судоб ҳал карда, бо он об гарғара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро дафъ менамояд.

Агар навшодирро бихӯранд, чирк ва рими узвҳои даруни синаро дафъ мекунад.

Чун инро бимоланд, дарди гулӯро шифо мебахшад. Навшодирро бо мисли он саргини инсон якҷо намуда, дар оташ гарм карда, муқатри бухори онро ҳосил намуда, аз он моеъ 4,5 грамм бинӯшанд, тамоми заҳрҳои когилро аз бадан дафъ мекунад, ки инро аз асрори маҳфӣ шумориданд.

Хӯрдани навшодир сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад.

Хоҳ инро гузошта банданд ва хоҳ бимоланд, решҳоро хушк мекунад ва хунравиро аз ҷароҳатҳо манъ менамояд, инчунин онҳоро аз риму чирк пок месозад.

Навшодирро бо равғани тухми мург сиришта бимоланд, песро дафъ мекунад: агар бо асал бароҳехта бимоланд, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи риш ва сар мӯй мерӯёнад, ширинчаро шифо мебахшад ва агар бо равғани кунҷид сиришта бимоланд, кӯгурро дафъ месозад.

пешина
аз 702
навбатӣ