Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

истеъмол кардан ё бо он шустушӯ кардан иллати песро ба амал меоварад, хусусан он обро батакрор истеъмол намоянд, ин иллат сурат мегирад.

  1. Нефт

Ин рутубати равғании тундбӯй аст, ки аз қаъри баъзе заминҳо монандӣ зифт ва қир ҷӯшида бармеояд.
Нефт ду навъ мебошад: сиёҳ ва сафед. Сафеди он беҳтар ва латифтар аст ва аз сабаби латофаташ зуд ба ҳаво омехта мегардад. Вале нефти сиёҳ ба он андоза латиф нест, балки фақат бо тақтир (дистилляция) сафед мегардад.

Мизоҷи нефт дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: нефт ҳамчун даво аз аксари равғанҳо қавитар аст. Агар инро бинӯшанд ва бимоланд, гиреҳҳоро мекушояд, зуд таъсирбахш аст, гудозандаи сахтиҳо ва давои ҳамаи бемориҳои аз сардӣ баамаломада мебошад.

Нефтро бимоланд, каҷ шудани рӯй, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, кузоз (столбняк), карахтӣ, суст ва нотавон шудани аъзо ва аксари дард ва иллатҳои дигари сард ва тармизоҷро шифо мебахшад; бодҳоро пароканда мекунад, яъне таҳлил медиҳад, дарди буғумҳо ва монандӣ инҳоро ба ибро меоварад.

Агар инро дар чашм бикашанд ё бимоланд, фуромадани зардобро ба даруни гавҳараки чашм шифо мебахшад ва гули чашмро нест мекунад.

Инро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии гӯш ва бодҳои даруни онро, ки садоҳои гуногунро ба амал меоварад, дафъ мекунад.

Нефтро бихӯранд, сурфаи кӯҳна, зуднафасӣ, дамкӯтоҳӣ, зик-ун-нафас, хун қай кардан ва бавосирро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, кирмҳои меъда ва мақъадро хориҷ мекунад, бодҳои узвҳои даруни шикамро таҳлил медиҳад, дарди рӯдаҳоро сокин мекунад ва сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро сиҳат мекунад.

Пахта ё латтаро ба нефт олонда, занҳо аз таг бардоранд, хунукии бачадонро барҳам медиҳад ва хафа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи онро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ