Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: чун мисро чанд рӯз дар сирко бигузоранд, баъд он сиркоро бо ҳино хамир сохта гузошта банданд, назла ва сурфарс манъ мекунад, инчунин мӯйро аз рехтан нигоҳ медорад. Агар инро ба чашм кашанд, чашмро тез ва сахтии пилкро дафъ мекунад.
Чун мӯйро бо минқош (мӯчинак)-и ҳафтҷӯш бикананд, вай дигар намерӯяд.
Маҳлули мисро бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, зардобро аз бадан бо исҳол дафъ мекунад, инчунин истиско (водянка)-ро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, шифо мебахшад. Ва ҳам бардавом молидаҳаш низ ҳамин таъсирро дорад.
Мисро соида бихӯранд, қайро бармеангезад.
2,25 грамми онро бихӯранд, обняти истискоро бе ҳеч гуна азият дафъ мекунад.
Резаҳои майдаи мисро бо дудае, ки дар пушти дег ва ғайра ҷоҳо часпида мебошад ва оби лимӯ якҷо карда, занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.
Мисро соида, батанҳои ӯ бо равғани гсв, ё бо шири навдӯшида батакрор биёшоманду қай кунанд, заҳрнокшавиро аз хӯрдани афюн дафъ мекунад.
Вале чизҳои турш, маҳсулоти ширӣ гӯштҳо, чизҳои намакин, талх ё чарбро дар зарфи миси калъагӣ нодавонида муддати дароз монда бошанд, бихӯранд, бисёр зарарнок аст, инчунин дар зарфи калъагӣ давонда, ҳам муддати дароз нигоҳ дошта шуда бошанд, бихӯранд, зиён мекунад. Аз ҳама бадтар аст агар моҳии бирёнкарда гармогарм дар зарфи миси болояш пӯшида шаб монда бошад, хеле зарарнок мебошад, зеро ки ин ҷо занги зарарнокаш ба он мечаспад. Худи занги мис заҳр аст. Давои ин зарараш шири навдӯшида хӯрда, қай кардан аст ва шӯрбои равғандор, ки обгӯшт меноманд, хӯрдан аст.
Миси ношустаро бо асал сиришта бимоланд, решҳои раддии бадфиол ва давандаро шифо мебахшад, гӯшти ҳароми захмҳоро мехӯрад. Миси шустаро бимоланд, ҷароҳатро ба ҳам меоварад. Агар ин миси шустаро бо асал сиришта бимоланд, решҳои ба ҳам якшаванда ва баданҳои сахтро ба ибро меоварад, барои кӯтур ва хориш шифо мебахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад, сустӣ ва мондагии аъзоро дафъ мекунад.
Оберо, ки дар зарфи мис дар офтоб гарм шуда бошад,

пешина
аз 702
навбатӣ