Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба шарте, ки он узвро ба оташ наздик доранд, то арақ кунад.
Бо намакоб мӯрчагазак, реҷи хӯранда ва дигар ҷӯшишҳои баданро бишӯянд, ҳамаи онҳоро дафъ мекунад. Ва бо он шустушӯ кунад, ранги рухсорро неку мегардонад, иркуннасо (радикулит)-ро даво мебошад.
Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад ва намегузорад, ки обила кунад.
Чун намакро маҳин ос карда, бо равғани зайтун сиришта, латтаро ба он олонда, ба ҷои хунгирифта ё хатна кардашуда ва ғайри он гузоранд, рафтани хунро ба зудӣ мебандад.
Намакро бо равғани зайтун ва ғайри он, зифт ва асал сиришта гузошта банданд, нотавон гаштани мушақҳо, кӯфтагии аъзо, беҷо шудан ва аз ҷои худ бадар рафтани устухон — ҳамаашро шифо мебахшад. Агар инро бо орди гандум даромехта бибанданд, печиши асабро ислоҳ мекунад; бо равғани зайтун сиришта гузошта банданд, мондагиро дафъ мекунад.
Намакро тафсонида гузошта банданд, дардҳоеро, ки аз сардӣ, аз балғам ва аз бод бошанд, таскин медиҳад; инчунин бо ҳазориспанд, бо сабӯси гандум ва бо биринҷи кӯфтагӣ даромехта, гармбандӣ кунанд, низ ҳамин фоидаро дорад.
Вале хӯрдани намак ба майнаи гарммизоҷ зиён мекунад, чашмро торик мегардонад, хориши баданро ба амал меоварад, инчунин ба одамони нимҷон зарар дорад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш кокути, чарбиҳо ва чизҳои сардмизоҷи тар хӯрдан аст.
Яке аз хислатҳои озмудашудаи намак он аст, ки чун 10,5 грамм намакро дар вақти бурҷҳои фалакии Ақраб ва Саратон аз уфуқ баромадан дар хонаи бемор ба оташ гузоранд, агар намаки тафсида баъд аз ҷастан майл ба даруни хона кунад, яъне ба тарафи даруни хона бичаҳад, он бемор шифо меёбад ва агар ба сӯи берун майл кунад, шифо намеёбад.
- Мис
Ин аз фулуззот аст ва ранги миси соф сурхтоб мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор