Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

иллати дар меъда ҳазм наёфта хориҷ шудани таомро ба ислоҳ меоварад, вайрон шудани таомро дар меъда манъ мекунад, иштиҳоро бармеангезад, рӯдаҳоро шустушӯ медиҳад ва барои аз ҷойҳои дур ва чуқури бадан дафъ кардани моддаи савдо мадад мерасонад, бадҳазмии таомро нест ва пайдо шудани иллати маҳавро манъ мекунад, хусусан намаки нефти дар манъ кардани иллати маҳав беҳтар аст. Намаки сафеди соф ва барроқ барои дардҳои меъдаи сардмизоҷ давои хубест. Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, истисқо (водянка) ва бемориҳои савдоӣ, инчунин балғамиро шифо мебахшад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд. Агар инро бо давоҳои исҳотовар бихӯранд, ахлоти балғамӣ ва савдоиро канда, аз бадан хориҷ мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд.

Намаки сафедро бо пудинаи кӯҳӣ (кийикутӣ), равған ва хамири нон даромехта гузошта банданд, варамҳои балғамиин хояҳоро таҳлил медиҳад. Агар намаки сафедро бо пудинаи кӯфтагӣ, бангидевона ва асал сиришта гузошта банданд, захм ва решҳои закапрро шифо мебахшад.

Намаки сӯхтагиро бо тухми зағир якҷо кӯфта гузошта банданд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро бо пудинаи кӯҳӣ гузошта банданд, заҳри афъиро дур месозад, бо равғани зайтун кӯфта гузошта банданд, чунин таъсирро дорад; бо пудинаи кӯҳӣ ва равғани гов даромехта гузошта банданд ҳам, таъсири заҳри афъиро мешиканад. Ин намакро бо кафки собун сиришта гузошта банданд, варами бодӣ ва балғамиро таҳлил медиҳад; бо пудинаи кӯҳӣ ва асал— барои варамҳои балғамӣ дору мебошад; бо хоки оташдон ва асал даромехта гузошта банданд, хуни дар таги пӯст шахшударо таҳлил медиҳад, яъне мегудозад, инчунин варамҳои балғамӣ ва оби ба ягон узв фуромадаро пароканда мегардонад; бо ҳамкартуруш даромехта гузошта банданд, пӯчак ва чиртакҳоро мепазонад; бо асал ва равғани зайтун даромехта бибанданд, низ пӯчак ва чиртакҳоро мекафонад.

Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, барои хориш, кутур, захми обила ва маҳв; бо хино куфта бимоланд, барои милкаки нохун дору мешавад; бо асал ва пудина сиришта бимоланд, мурчагазакро аз паҳн гаштан манъ мекунад; бо равғани зайтун ва сирко даромехта бимоланд, хориши балғамиро дафъ мекунад

пешина
аз 702
навбатӣ