Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дорад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, кри-ҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, оруғ меоварад, бод-ҳоро дафъ мекунад. Ба одамони гарммизоҷ барои гур-да ва хичак зарарнок аст, исҳол меоварад, маниро ра-қик мегардонад. Давои ин зарарҳояш бо равғани то-заи гов ва бо равғани буз истеъмол кардан аст.
Мизоҷи намаки таом дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Агар намак чӣ қадар талхтар бо-шад, мизоҷаш ҳамон қадар гармтар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: Хусусиятҳои умумии ҳа-маи намакҳо: балғам, савдо ва сафроро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои часпакро нест менамояд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дар меъда ҳазм ёфтани таомро таъмин мекунад, вайрон шудани таомро манъ месозад, иштиҳо меоварад, ранги рухсорро неку мегардонад, хислати бади ғизоҳои сардмизоҷро ислоҳ мекунад, ма-заи таомҳоро неку ва форам мегардонад.
Намаки сафеди софи шаффофро бо сирко сиришта бимоланд, ширинча ва шукуфаи пӯст ва бо сабир (алоэ) сиришта бимоланд, назлаҳоро дафъ мекунад.
Ин гуна намакро ос карда, чун сурма ба чашм ка-шанд, шилпукӣ, гули чашм ва пардаи дудмонанде ба чашм афтодаро дафъ мекунад, чашмро равшан мегар-донад.
Ин намакро бо марворид даромехта бимоланд, чир-ки дандонро нест мекунад.
Намакиро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва баъд аз кандани дандон рафта-ни хуни онро манъ менамояд. Хусусан намаки сӯхта дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро дар сирко ҳал карда, он сиркоро дар даҳан гардонанд, ҳамин гуна таъсирро дорад.
Намаки софи барроқ ва намаки нефтиро, ки сиёҳ-ранг аст ва навъҳои дигари инро бихӯранд, балғами часпакро аз узвҳои даруни сина меканад. Намаки неф-тиро бо асал ва сирко даромехта бихӯранд, дарди гу-лӯ ва варами забончаи халкро шифо мебахшад.
Намаки нефтиро хӯрда қай кунанд, барои исҳоли хунин бағоят фоида мебахшад. Инро бо сиканҷабин (сиркоасал) даромехта бихӯранд, меъдаро аз чизҳои зарарнок ва зиёдатӣ пок мегардонад.
Ҳар як навъи намакрого бихӯранд, балғам, савдо ва зардобро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои часпакро хориҷ менамояд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор