Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
иштиҳоро қавӣ мегардонад, қуввати боҳро (пушти камарро) афзун месозад ва барои аксари бемориҳои сардинзоҷ фоида дорад. Агар бо ин об худро шустушӯ диҳанд, низ иллатҳои мазкурро, ки дар оби гӯгирд овардем, шифо мебахшад.
Оби расос, яъне обе, ки аз кони сурб ва қалъагӣ барояд ё он обест, ки сурби (кӯрғошими) гудохта ва қалъагии тафсонро дар он андозанд — ин зарарнок аст: иллати кулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, пешобро мебандад ва зарари оби сурб зиёда аз оби қалъагӣ мебошад.
Оби тилло ва оби нуқраро бинӯшанд, дил, майна, меъда, ҷигар ва боҳро қувват мебахшад, бемориҳои молихулиё, дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад, барои ба ҳаракат овардани олати мардӣ мадад мерасонад, дарунро мебандад.
Хуллас, обҳои маъданӣ пайдокунандаи душворин шошидан аст.
- Оби шӯр, яъне намакоб.
Ин об хоҳ аз конаш барояд, хоҳ дар оби ширин намак андохта, шӯр гардонанд ва хоҳ аз чашмаи шӯр барояд.
Мизоҷи оби шӯр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: зарарҳои ин ба зиёнҳои оби баҳр наздик аст, ки дар боло зикр ёфт.
Фоидаҳояш: дастбаҳол хуб исҳоловар, вале агар инро бардавом бинӯшанд, қабзият меоварад, зеро хусусияти рутубатҳоро ба худ кашандагӣ дорад.
Давои ин зарарҳояш шириниҳо, чизҳои чарбнок хӯрдан аст ва инчунин бо орди ҷави тафсонида даромехтан, ях ва хоки холис андохтан аст.
- Намак
Ин чизест, ки барои лазиз гардонидан ба ғайр аз шириниҳо ба таомҳо меандозанд ё менӯшанд, дар об гудохта мегардад. Намак низ ба шакли санг ҳам дорад, ки онро намаксанг меноманд ва инчунин ғайр аз сангин ҳам вуҷуд дорад.
Мизоҷи намаки талх дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст.
Мегӯянд, ки ин намак барои одамони сардимоҷ ва ҳазми таом, барои дафъ кардани гаронии меъда фоида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор