Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ҳангоми инро нӯшидан дарунро дағал гардонад, давояш равғани бодоми ширин хӯрдан аст.
12,5 грамм аз оби софи хокистар бинӯшанд, хуни дар шикам шахшударо таҳлил медиҳад, яъне мегудозад ва заҳри ғундаро аз бадан дафъ мекунад.
Оби хокистарро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои фолич ва дарди асаб дору мешавад.
Бо оби хокистар ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Агар ин обро ба захмҳо бимоланд ё бичаконанд, гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест мекунад ва захмҳоро хушк мегардонад.
- Оби гӯгирднок, яъне обе, ки аз конҳои гӯгирд низ бармеояд.
Мизоҷи ин об гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: бо ин об бишӯянд, бемориҳои савдовӣ ва раддии балфиоли монандӣ: кӯтур, шукуфан пӯст, доғи сафеди пӯст, пӯстпартой, дарди буғумҳои аз сардӣ суратгирифта, шах шудани асабҳо, бодҳои хунук, ҷароҳати ҷонварони даррандагазида, ширинҷа ва качалӣ (каляра); дардҳои ҷигар, бачадон, зону ва монандӣ инхоро шифо мебахшад.
Зарарҳояш: агар инро бинӯшанд, чашм, меъда ва рӯдаҳоро заиф мегардонад, ҷигарро гарм мекунад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шӯрбои равғандор, чизҳои тармизоч ва хунукмизоҷ ошомидан аст.
- Оби маъдан, яъне обе, ки аз кояҳои фулуззот барояд, монандӣ: кони мис, оҳан, сурб (кӯрғошим) қалъагӣ ва монандӣ инҳо.
Мизоҷи ҳар як аз ин обҳо ба мизоҷи маъданаш наздик аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар ин обро, ки хоҳ аз маъданаш барояд ё миси тафсонро дар об хунук карда бошанд, дар даҳон гардонанд, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, варами забончаяи халкро таҳлил медиҳад. Агар инро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро сокин менамояд. Бо ин об баданро бишӯянд, мизоҷи вайроншударо ислоҳ мекунад ва узвҳои сустгаштаи баданро қувват мебахшад.
Вале агар инро бинӯшанд, хатарнок аст ва ба узвҳои дохили бадан зарар дорад.
Оби оҳанро, ки хоҳ аз конаш барояд ё оҳани тафсонро дар он хунук карда бошанд, бинӯшанд, барои бемориҳои сипурз ва истиско шифо мебахшад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор