Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ба ибро меоварад; хориш, кӯтур ва шукуфаи пӯстро шифо мебахшад. Сари качали (кали)-ро бо ин об бо мудовамат бишӯянд, сиҳат мекунад.

Дар ин об даромада нишинанд, заҳри мор ва каждумро аз бадан дафъ мекунад, бемориҳои аз сардӣ суратгирифта ва истисқоро шифо мебахшад.

Вале оби баҳр ба меъда зарар дорад, дарунро мебандад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад ва захмин мекунад, ба сӯзиши пешоб (сӯзок) гирифтор менамояд. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шӯрбои гӯшти мурғ, моҳишӯрбо, ғизоҳои тари равғандор, шилми бодомҳо ва ғайра хӯрдан аст.

  1. Оби гарм.

Мизоҷи ҳамаи обҳои гарм моил ба гармӣ ва хушкӣ мебошад.

Хислатҳои шифобахши онҳо: хусусияти башиддат таҳлилдиҳандагӣ доранд, қабзиятовар, вале пайдо шудани шупушро манъ мекунанд.

Камтареро аз онҳо бинӯшанд, қайро манъ мекунад. Масалан, оби зоқдор барои хун кай кардан, хунравӣ аз бавосир, моддаҳои бо ҳайз равоншаванда ва ғайраро фоида дорад.

Агар обҳои гармро бисёр бинӯшанд, бағоят зарар дорад ва табҳоро дар бадан ба хурӯш меоварад.

Агар ин обҳо зарар кунанд, низ шӯрбои гӯшти мурғ, моҳишӯрбо, ғизоҳои тари равғандор, шилми бодомҳо ва ғайра хӯрдан даркор аст.

  1. Оби хокистар.

Ин обест, ки хокистарро дар об ҷӯшонида, се-чор бор таҳшин карда, оби софии онро бигиранд, ҳамин оби софи хокистар ба шумор меравад.

Мизоҷи оби хокистар вобаста ба асли дарахт, гиёҳ ва самари он аст. Яъне хокистарро аз дарахт ва гиёҳҳои гарммизоҷ ҳосил карда бошанд, мизоҷаш гарм мегардад ва ғайра.

Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он: поккунанда, бадбӯсозанда ва несткунандаи чиркҳо (дар ин бобат беҳтар аз собун аст).

Оби хокистари бисёр софро ба миқдори 2,25 грамм бинӯшанд, даруни шикамро дағал мегардонад, вале касабаи шуш (роҳи нафас) ва меъдаро аз моддаҳои часпак пок месозад; кай, беҳузур (беҷо) шудани дил ва исҳолро манъ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ