Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
яъне аз тагаш оташ расонида, онро ба бухор табдил дода, дар даруни качи шиша, ки дар миёни оби хунук бошад ва бухори сирко, ки дар он ҷо сард гашта, ба қатраҳо табдил меёбаду он қатраҳо мечаканд. Дар таҳти он шишаи гарданкаҷ равған мемонад. Ин роҳи осони гирифтани равғани қаҳрабост ва дар ин амал равған бисёр ҳосил мегардад, масалан, аз 250 грамм қаҳрабо 125 грамм равған гирифта мешавад.
Навъи дигари гирифтани равғани он ин тавр аст. Қаҳраборо кӯфта, чанд рӯз дар шароб тар мекунанд. Баъд онро ба шишаи гарданкаҷ андохта, бо ҳамон усуле, ки дар боло гуфтем, муқаттар мекунанд. Он чӣ аз бухори он ба гардани хунуки шиша расида, қатраҳо гашта мечакад, ба рӯй меояд ва он чӣ ба қатраҳо табдил наёфтааст, дар тағи он мемонад. Он чиро, ки муқаттар нагашта бошад, дуввумбора аз тагаш оташ дода, муқаттар мекунанд, то он ки ҳамаи чизҳои ғайри-аш бухороб гашта парида раваду равғани матлуб дар тағи колба (шиша)-и гарданкаҷ қарор монад. Ин роҳи беҳтар ва осонтарини усули тактири равғани он аст ва дар ин амал равған бештар ҳосил мегардад, масалан, аз 250 грамм қаҳрабо 125 грамм равғани он ҳосил мешавад.
Ин равған ҳамаи бемориҳои вобаста ба майна ва асабҳо, аз ҷумла: саръ, чингак шудани аъзо, карактӣ ва фоличро шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин равған дар як рӯз аз як то ду қатра аст.
- Об
Моҳияти об ва хизмати он дар табиат, ҳаёти растаниҳо, ҳайвонот, аз ҷумла дар узвҳои бадани инсон ба мо маълум ва равшан аст.
- Оби баҳр.
Таъмаш талху шӯру тунд аст.
Мизоҷи ин об гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин об хусусияти поккунандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дорад, моддаҳоро аз дарун ба рӯи пӯст мекашад, сафро ва балғамро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк мегардонад, вале хунро вайрон мекунад.
Инро гарм карда, кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди асабҳоро таскин медиҳад, ҷоҳон аз сармо кофидаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор