Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

об сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад, ҷойҳои латхӯрдаи баданро ислоҳ медиҳад, узвҳои шикастаро ба ҳам мепайвандад. Агар инро бо мӯрд даромехта бимоланд, арақи одамони заифро қатъ месозад.

Агар каҳраборо бо худ овезанд, хуни биниро манъ мекунад, дил ва меъдаро қувват мебахшад; дар меъда ҳазм наёфта дафъ гаштани таомро ислоҳ мекунад.

Агар каҳраборо бо худ доранд, хавф, тоун ва зардпарвинро дафъ мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз афтодан нигоҳ медорад.

Мегӯянд, ки хӯрдани каҳрабо ба сар зарар дорад, агар инро аз ҳад зиёд истеъмол намоянд, дарди сар мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз каҳрабо дар як рӯз 2,25 грамм аст.

Ба ҷои каҳрабо сандарусро истифода баранд, равост.

Равғани каҳраборо бо оби райҳони гӯши муш биёшоманд, саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳаракат мондан) ва фоличро, ки шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ мебошад, бомуваффақият шифо мебахшад.

Агар ин равғанро бимоланд, тоун ва чингак шудани аъзоро шифо мебахшад. Ва агар бо равғани савсани кӯҳӣ ё бо равғани пиёзи ансул даромехта бимоланд, низ фоличро ба ибро меоварад.

Равғани инро бо оби бӯймодарони дуруштбарг бихӯранд, душвории зоиданро осон мекунад. Агар ин равғанро бибӯянд ва бинӯшанд, хафа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад; бо оби коснӣ бинӯшанд, зардпарвинро дафъ мекунад; барои равон кардани ҳайзи бандшуда бо оби бӯймодарони дуруштбарг меошоманд ва ин низ барои ислоҳи душвории шошидан шифо мебахшад; бо шароб бинӯшанд, хун қай карданро манъ мекунад.

Агар ин равғанро бо оби арпабодиён даромехта ба чашм бикашанд, чашмро пуркувват месозад. Инро бо оби барги зуф даромехта, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

ЯК роҳи тайёр кардани равғани каҳрабо чунин аст.
Ҳар қадар, ки хоҳанд, каҳраборо кӯфта, баробари вазни он сангрезан кӯфтагиро ҳамроҳ намуда, дар шишаи гарданҳам дар оташ муқаттар (дистилляция) мекунанд. Баъд ба он сирко биёмезанду боз муқаттар намоянд,

пешина
аз 702
навбатӣ