Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҷугрот сиришта бимоланд, ширинча, захмҳои сар, шукуфаи пӯст ва кӯтури тарро шифо мебахшад.
Кӯфтай гӯгирдро дар бинӣ бирезанд, барои иллати саръ (припадка), сакта (мурда барин бехаракат мондан) ва дарди нимсар даво мешавад.
Агар дуди онро ба ҷоҳои даркории бадан бигиранд, дарди сарро дафъ мекунад, назла ва зукомро мебандад, карни гӯшро шифо мебахшад, баҷаро аз шиками занони ҳомила меафтонад (дар ин бобат хусусан навъи сурхи онро дуд кунанд, беҳтар аст).
Гӯгирдро бо равғани тухми арҷа даромехта, ба даруни гӯш чаконанд, карни гӯш ва гаронии онро дафъ мекунад.
Гӯгирдро бо асал, пешоб ё бо оби даҳан сиришта бимоланд, газидани ҷонварони заҳрнокро шифо мебахшад; инро бо шилми санавбар даромехта бимоланд, заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад, инчунин бо сирко омехта бимоланд, барои газидани каждум даво мебошад.
Гӯгирдро дар тухми мурғи нимпухта ё тухми нимбирён даромехта бихӯранд, ҳамаи навъҳои кӯтури тар ва хоришҳои баданро дафъ мекунад.
Агар инро бо окиркирҳо, асал ва сирко сиришта бимоланд, барои иллати махав ва ҷӯшишҳои савдовӣ бо як аҷобате таъсир мебахшад; бо сирко сиришта бимоланд, барои доғи сафеди пӯст даво мебошад; бо хино даромехта бимоланд, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад; бо хояи сагобӣ даромехта гузошта банданд, сахтиҳоро таҳлил медиҳад, яъне мегудозад.
Агар инро соида, бар бадан бипошанд, арақро қатъ мекунад ва агар бар рӯй бипошанд, онро сафед мегардонад.
Инро дуд кунанд, ҷонварони заҳнок аз он ҷо мегурезанд, вале мӯйро сафед мекунад. Агар бо ин бишӯянд, хоришро дафъ мекунад.
Вале хӯрдани гӯгирд ба меъда зарар дорад. Давои ин зиёнаш қатиро ва шири навдӯшида хӯрдан аст. Ба майна ҳам зарар дорад — дар ин мавриди бунафша ва шакар бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз гӯгирд дар як рӯз аз 1 то 4,5 грамм аст.
Аз гӯгирд равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:
- Гӯгирди зардро майда кӯфта, дар чор баробари он равғани дунба даромехта, як пора карбосро ба он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор