Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

намуда аз нав мечӯнонанд ва боз барои ҷудо гаштани таҳчинаш мегузоранд. Ин амалро якчанд такрор менамоянд, то он ки дигар дурда таҳшин нагардад. Сонӣ он миқдор ҷӯш медиҳанд, ки ғафс шавад. Аз оташ фуруд оварда, дар офтоб чандон мекованд, ки ғализ ва қобили бо корд буридан гардад. Пас порча-порча бурида, хушк менамоянд. Дар вақти ҳоҷат миқдори муайян ва зарури онро дар оби гарм дар оташ то об шилмак гаштанаш мечӯнонанд. Баъд ҳар чизеро, ки часпониданӣ бошанд, мечаспонанд. Беҳтарини елимҳо аз пӯсти гови покиза тайёр карда мешавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои ин часпонанда ва хушккунанда мебошанд.

Агар инро бимоланд, захм, ширинҷа ва обилаҳои кӯҳнаи сарро шифо мебахшад.

Елимро дар об ҳал карда батанҳоӣ ё бо сирко даромехта бинӯшанд, аз узвҳои даруни сина хун кай кардан ва захми шушро даво мебошад.

Елимро бо асал даромехта гузошта банданд, варами захмҳоро мегардонад, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад, устухони шикастаро бо ҳам часпонида мустаҳкам мегардонад ва устухони беҷошударо ба ҷояш устувор месозад; ҷурраи обиро, яъне даббаеро, ки аз фуромадани об ба хояҳо сурат гирифта бошад, шифо мебахшад; агар инро бо об даромехта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад ва обила кардани онро манъ мекунад.

Елимро бо зардҷӯба, ғӯраи сарв ва сирко сиришта, барои ҷурра, ки аз даридани пардаи шикам ва фуромадани рӯдаҳо, агар нав бошад, то муддате бибандандду накушоянд, шифо мебахшад, варами захмҳоро мегардонад, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро бо мозу ва ғӯраи сарв сиришта бибанданд, барои дабба, ки аз даридани пардаи шикам ва аз фуромадани об ба хояҳо бошад, даво мешавад; бо сирко даромехта гузошта банданд, кӯтури пӯстхезак ва иллати пӯстпартой, шукуфаи пӯст, донача ва ширинҷаҳои сар, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва инчунин доғҳои дигари пӯстро дур менамояд, башараро пок мегардонад.

Чун елимро гудохта, пашми харгӯшро ба он олонда, ба ҷароҳатҳое, ки хун аз онҳо равон бошад, гузоранд, хунро манъ мекунад; инро ба сӯхтагии оташ гузошта

пешина
аз 702
навбатӣ