Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

зайтун соида, ба рӯ ва мӯи худ бимоланду назди султон ва амирому амалдорон раванд, азиз ва гиромӣ мегарданд, маҳбуби ҳамаи халқ мешаванд, чунонкӣ мардуми аҷам фирӯзаро ба фол неку медонанд.

Истеъмоли ақиқ ба дарун барои гурда зарар дорад — давояш катиро хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз ақиқ дар як рӯз то 1,75 грамм аст. Ва ба ҷои ин марҷонро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  1. Сулаймонӣ

Инро ба тоҷикӣ перошшикана ва ба забони русӣ сулема мегӯянд.

Ин чизест маснӯъӣ (сунъӣ) сахт, ки аз симоб ва марги муш тайёр мекунанд ба ин тариқ: дар таносуби симоб 306 грамм ва марги муш 25,5 грамм — ҳар дуро бисёр махин ос карда, бо воситаи гармӣ додан бухорашро шах карда мегиранд. Беҳтаринаш ба ранг сафеди он аст, низ ба рангҳои дигар ҳам мешавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк ва ин заҳри қотил аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро ба марҳамҳо дохил менамоянд, ки хусусияти дафъ кардани гӯшти ҳаром дорад. Агар бихӯранд, ҳалок мегардонад. Давои инро хӯрдагон шири навдӯшида, шӯрбо ва васма хӯрда, пай дар пай қай кардан аст.

Аз аломатҳои касе, ки инро хӯрда бошад: бехобӣ, беҳушӣ, кӯр шудан, ҷӯшиши хун ва кайкунӣ аст. Илоҷ ва давои инро хӯрдагон тадбири занҷарф, симоб ва марги муш хӯрдагон аст.

Вале алхол навъи сурхи онро камтар дар арақ ҳал карда, рӯзе аз он қатрае дар як пиёла шир чаконида мехӯранд низ. Аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо — ман ҳам соли 1952 ним ҳаби (таблеткаи) сурхи онро дар ним литр арақ ҳал карда, аз он арақ ҳар рӯз як қошуқи ошӣ истеъмол карда будам.

  1. Елими пӯсти ҳайвонот

Тариқи тайёр карданаш чунин аст. Пӯсти ҳайвонотро дар об то муҳарро шудан меҷӯшонанд. Баъд мегузоранд, то он ки дурдааш таҳшин гардад. Инро соф

пешина
аз 702
навбатӣ