Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
банданд, дард ва сӯзиши онро таскин медиҳад, инчунин намегузорад, ки обила кунад.
Ёлими пӯсти ҳайвониро сӯхта, маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пурра таъсири тӯтиёро соҳиб мебошад.
- Нуқра
Маълум аст, ки ин аз фулуззоти асил ҳисоб меёбад. Ранги нуқраи соф ба сафедӣ моил аст балки сафед мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти фараҳбахшиаш ба ёқут наздик аст, барои молихулиё, девонагӣ ва васвос дору мешавад.
Инро бо мили нуқра ба чашм кашанд, гули тунуки чашмро дафъ мекунад, чашмро қувват мебахшад.
Аз дами сӯҳон баромадаи онро бо пиёзаки сафеди саломалек бихӯранд, бӯи бади даҳанро дафъ мекунад, рутубатҳои часпаки бадбӯ ва балғамро мекашад.
Нуқраи аз дами сӯҳон баромадаи онро бардавом бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа, дилтапак (дилбозӣ), тарсончакӣ ва дигар бемориҳои дилро шифо мебахшад; бо чадвор бихӯранд, меъда ва ҷигарро қавӣ месозад, рутубатҳоро кашида берун мекунад, барои истиско ва иллатҳои сипурз дору мешавад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро осон мекунад.
Аз дами сӯҳон баромадаи инро бо симоби куштагӣ ҳал карда бимоланд, бавосирро дафъ мекунад ва агар ин маҳлулро ба кӯтур ва хориш бимоланд, шифо мебахшад.
Аз дами сӯҳон баромадаи нуқраро гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Истеъмоли нуқра ба дарун барои рӯдаҳо зарар дорад. Ин зарарашро қатиро бихӯранд, ислоҳ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз нуқра дар як рӯз аз 0,5 то 1,75 грамм аст.
Яке аз хислатҳои нуқра он аст, ки аз бухор ва бӯи гӯгирд ва инчунин бо он якҷо гузошта шавад, сиёҳ мегардад. Агар ин тавр ҳодис шавад, бо намаки бишӯянд, пок мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор