Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дар гармӣ ва хушкӣ мӯътадил, вале табиб Антоқӣ мизоҷи инро дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк, аммо муаллифи китоби «Тӯҳфат-ул-мӯъминин» ҳаким Муҳаммад Мӯъмин дар дараҷаи аввал гарм ва дар охири дуввум хушк донистааст.

Хислатҳои шифобахши он: хусусияти поккунандагӣ дорад, таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғафси бадан, гиреҳҳоро мекушояд, барои дафъ кардани рутубатҳои часпак ва бодҳои ғафс даво мебошад, назлаҳоро мебандад, меъдаро қувват медиҳад, исҳолро манъ мекунад, варами бачадонро мегардонад, бавосирро дафъ мекунад, душвор шошиданро ислоҳ месозад, ҳичакро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок пок мегардонад; обила, донаҳои ба сар бароянда ва решгарданда, инчунин саромос ва мӯрчагазакров шифо мебахшад, дардҳоро таскин медиҳад, милки дандонро мустаҳкам менамояд.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, назлаҳоро аз фуромадан манъ мекунад, саромос ва мӯрчагазакров дафъ месозад. Агар самари инро дар равғани зайтун пухта гузошта банданд, дардҳои бачадонро таскин ва варами онро таҳлил медиҳад, бавосирро нест мекунад ва барои решҳои сар фоида дорад.

Самарашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, душвор шошиданро осон мекунад ва ҳичакро аз моддаҳои зарарнок пок месозад, меъдаро қувват мебахшад ва исҳолро мебандад. Инчунин тухмашро дар об ҷӯш дода он обро бинӯшанд низ, ҳамчунин меъдаро қавӣ мегардонад ва исҳолро дафъ мекунад.

Бо чӯби он мисвок кунанд, яъне чӯби онро ба дандон бимоланд, дандонро аз чирк пок ва милкашро мустаҳкам мегардонад ва агар аз ҳад зиёд мисвок кунанд, дар забончаи халқ ҷӯшишҳо пайдо мекунад ва агар онро ба дарун истеъмол намоянд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад. Ин қабил зарари онро катиро бихӯранд, ислоҳ мекунад.

Миқдори як бор ошомидан аз обе, ки дар он мисвок ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз то 150 грамм ва аз тухмаш то 10,5 грамм аст.

Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» ва дигар табибони машҳур гуфтаанд, ки баргаш барои кӯтур, махав, бавосир ва мурдор шудани хун фоида дорад.

Самари мисвок талх аст ва агар инро бихӯранд

пешина
аз 702
навбатӣ