Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҷӯши бисёри ғафс мегардонанд ва дар офтоб меҳушконанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Хислати поккунандагиаш аз шакар зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он дарунро мулоим мекунад, хилти (моддаи) сафреро ба осонӣ хориҷ менамояд; барои сурфа, дарди узвҳои даруни сина, беҷо (беҳузур) шудани дил ва табҳои гарм даво мебошад, ташнагиро мешиканад; агар инро бо оби панир биёшоманд, ахлоти сӯхтаро аз бадан дафъ мекунад; бо оби ҷав бо мудовамат бихӯранд, ахлоти гарми тезро аз бадан ихроҷ менамояд. Агар инро бо шири навдӯшида бихӯранд ва бо он мудовамат намоянд, боҳро (пушти камарро) бармеангезад ба ин тариқ, ки 25 грамми онро бо 150 грамм шири говмеш (буйвол) биёшоманд.
Ин шакари янтоқро бо оби зира биёшоманд, қароқули шикамро, ки бо таби сабук бошад, дафъ мекунад.
Вале инро барои бемориҳои таби сахт, нағзак (гулак), сурхича (қӣзамук), исҳоли хунин, бавосир, хун пешоб кардан истеъмол намекунанд, — ҳамин тавр Абӯалӣ ибни Сино муайян кардааст.
Миқдори як бор хӯрдан аз шакари янтоқ дар як рӯз аз 15 то 30 грамм аст.

  1. Мисвок

Ин буттаи даштӣ ва кӯҳии маълум мебошад. Барғаш сербари дароз, сабз, хушранг, анбӯҳ; чӯбаш мулоим. Ин растанӣ хазон намекунад, хорнок ва бехор низ мешавад. Гулаш сурхтоб, самараш ба андозаи нахӯд дар хӯша, ҳангоми хом будан каме талхтаъми бо тунчии бисьёр, сабз, вале дар охир баъди расидан баъзеаш сурх, сафед ва баъзе бунафш мегардад, баъд сиёҳ мешавад, андак ширинӣ, талхӣ, тунчӣ ва тезӣ пайдо мекунад. Тухми саҳроняш майда мешавад, вале хӯшан самари кӯҳиаш назар ба саҳрой калонтар, самараш бетухм, бирасад таъмаш андак ширин, тӯнч ва тез мегардад, вале дар баъзе мавзеъҳо самараш тухмдор ва ширинтар, бузургтар мерӯяд, ки баъзе мардум онро мехӯранд.
Ба қавли табиб Бағдодӣ мизоҷи буттааш хушк, самараш

пешина
аз 702
навбатӣ