Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
балғамро дафъ мекунад ва агар балғаму сафро мурдор гарданд, ба ислоҳ меоварад; барои сӯзиши узвҳо, истиско (водянка), варамҳо, махав, табҳои гарм ва резонидани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо (ҳатто кирми кадудона) даво мебошад.
- Қатод
Ин буттаи даштии пурхор аст ва хорҳояш нӯгтез, вале пояаш бехор мебошад. Шутур онро намехӯрад, аммо маҳз дар соли беборон, ки гиёҳҳои дигар нарӯянд, шутур маҷбур аст, ки бихӯрад ва тӯъмаи худ намояд. Ва агар чорпоён чаро карда онро бихӯранд, фарбеҳ мегарданд. Гулаш зардтоб ва дар он порчаҳои сурхранг ҳаст, меваи он аз гулаш берун меояд ва рангаш монанди донаки хурмо мебошад. Катиро шилми ҳамин бутта, ки аз самараш мегиранд ва ё ганаи пояашро бо теғ тарошида ё чок намуда, монанди афюн шилмашро берун медамонанд. Дурусттараш баъди тарошидан шилмаш аз он ҷоҳои захминаш берун медамад. Ин растаниро болишти ошиқон ҳам меноманд, ба забони русӣ астрагал мегӯяндаш, дар сарзаминҳои мамлакати мо бисёр аст.
Мизоҷи гиёҳаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст ва ба қавли муаллифи «Ихтиёроти бадеъ» гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: оби инро бинӯшанд, барои сурфа, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма) ва захми шуш (сил) дармон мешавад.
Оби инро бо сирко ва асал даромехта бимоланд, доғи сафеди пӯст ва дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад.
Решаи ин растанӣ равғандор аст, ки худи тарашро бидуни равған оташ диҳанд, монанди машъал месӯзад.
Шилми ин буттаро, ки катиро меноманд, рангаш сафед ва сиёҳ мешавад. Беҳтарини он сафеди соф, ҳамвор ва таъмаш моил ба ширинӣ аст, навъи сиёҳаш бекора мебошад.
Мизоҷи шилмаш, яъне катиро дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад ва дар дараҷаи якум тар ва инчунин серрутубат аст. Вале ба қавли баъзеҳо мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва хушк мебошад, ки хушкиаш камтар аз сардии он аст. Вале баъзеҳо гарм ва тар гуфтаанд, инчунин баъзеҳо мураккабулқувват донистаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор