Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Равғане, ки аз зайтуни бӯйгирифта кашида бошанд, хӯрданаш дар бадан моддаҳои муқдор ва хориш пайдо мекунад. Дар ин ҳолат шарбати бунафша биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.
Равғани зайтуни даштиро дар хосиятҳои тиббӣ монанди равғани гулисурх медонанд.
Ин навъи равғани зайтунро бихӯранд, моддаҳои рехта ва равоншавандаро радд ва узвҳои баданро сард мегардонад, сиёҳии мӯйро нигоҳ медорад ва рехтани онро манъ мекунад, дандони ҷунбонакро мустаҳкам мегардонад, намегузорад, ки ба забончаи халқ рутубатҳо, ки ба он сустӣ меоваранд, рехта шаванд, рафтани хунро аз милки дандон манъ менамояд.
Тарзи тайёр кардани ин равған дар замони қадим чунин буд. Самари зайтунро ҷамъ карда ба офтоб мегузоштанд ё дар зарфе ба танӯри тафсон мемонданд, то ки пажмурда ва мулоим гардад. Баъд онро кӯфта, бо роҳи фишурдан равғанашро меситониданд ё ин ки дар об меҷӯшониданд, то бипазад. Баъд молида, соф карда, аз нав то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшониданд. Эҳтиёт мекарданд дар вақти ҷӯшидан равған доғ нагардад.

  1. Шакар

Ин оби найшакар аст, ки ҷӯшонида, ба қивом расонида, баъд хушк мекунанд — шакар мегардад. Агар инро аз оби найшакари сафед тайёр намоянд, шакараш сафед ва аз оби найшакари сурх бигиранд, шакараш сурх мегардад.
Агар аз шакар қанди сафед тайёр кунанд, онро дар тиб набиз ва агар набот созанд, онро шакари сулаймонӣ мегӯянд.
Мизоҷи шакари сафед дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст. Мизоҷи шакари сурх дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар охири якум хушк аст.
*Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарун, халқ, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим ва инчунин узвҳои мазкурро аз рутубатҳо пок мекунад, бо ин восита ба ҷойҳои дур ва чуқурии бадан нуфуз менамояд ба зудӣ; барои қувват додан ба рӯҳҳои ҳайвонӣ, нафсонӣ ва табиӣ, илова бар ин ба ҷигар, таҳлил додани бодҳои рӯдаҳо, қувват додан барои боҳ (пушти камар), пайдо кардани хуни солим, мустаҳкам сохтани

пешина
аз 702
навбатӣ