Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

гули чашмро, ки тунук бошад, шилпукӣ ва кӯтури чашмро дафъ мекунад. Ин равған дар бобати дафъ кардани зардоби дар гавҳараки чашм фуромада ба ҷои кадҳ (баҳури марям) кор фармуда мешавад, ки он низ дафъкунандаи зардоби сӯрохи гавҳарак аст.
Ин равғанро гарм карда ба ҷои каждумгазида бимоланд, дардашро таскин медиҳад.
Равғани зайтуни навро доғ кунанд, то ба нисф расад. Баробари равғани зайтуни қадим мегардад.
Агар равғани зайтун аз ҳафт сол бигузарад, қуввати шифобахшии он беҳтар аз равғани баласон мегардад. Ин равған ҳарчанд кӯҳнатари шавад, қавитар мегардад. Қуввати равғани зайтун то чор ҳазор сол боқӣ мемонад.
Чун равғани зайтунро бо ҳамвазни он об биҷӯшонанд, то об бухор шуда равад ва ҳамчунин то шаст маротиба оби нав андохта биҷӯнонанд, баъд он равғанро то нисфаш мондан доғ кунанд, ки инро дар мартабаи шифобахшӣ баландтар аз равғани баласон донистаанд ва инро аз асрори аҷиба шуморидаанд.
Он чӣ равғанро аз самари норасидаи зайтун гиранд, онро зайт-ул-анфок меноманд. Беҳтарини он он аст, ки ба ғайри сӯзон ва бидуни тезӣ бошад.
Мизоҷи ин мӯътадил дар гармиву сардӣ, бо қуввати қабзият аст. Ва ба қавли баъзеҳо мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, милки дандон ва худи дандонро мустаҳкам мекунад, узвҳои баданро қувват мебахшад, барои меъда форам ва мувофиқ аст; аҳлатро (хун, балғам, сафро ва савдоро) соф мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, балбӯйро барҳам медиҳад, дамидани арақи баданро манъ менамояд, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, пешоби барзнёдро ислоҳ менамояд. Шустаи онро бихӯранд, ба дарди асабҳо ва моддаҳои гарммизоҷ мувофиқ аст, ранги рухсорро неку мегардонад.
Чун 77 грамми онро бо ҳамон миқдор асал, бо 25 грамм шилми мустақо ва 25 грамм равғани сиёҳдона дар ҳаммом се рӯз панҷ ҳам биёшоманд ва дар он рӯзҳо оби хунук нанӯшанд, аз тамоми иллатҳои сардмизоҷ: караҳтӣ, фолич, кач шудани рӯй ва ғайраи бемориҳо наҷот меёбанд ва шаҳвати боҳи пирони садсоларо ба ҳаракат меоварад, яъне барқарор месозад.

пешина
аз 702
навбатӣ