Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Минро ҳам бисёр бихӯранд, хунро месӯзонад. Дар ҳолати зиён карданаш сиканҷабин бихӯранд ва ё оби меваҳои турш бимаканд, ислоҳи зарар менамояд.

  1. Равғани зайтун

Мурод аз ин равғани зайтуни хӯрокӣ аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: 65 грамм равғани зайтунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад; агар инро бо шароб ва оби гарм биёшоманд, кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, арақ меоварад, пешобро меронад; дардҳои буғумҳо, иркуннасо, дарди сурин ва ғайраҳоро ба ибро меоварад.

Агар равғани зайтун хӯрда қай кунанд, захрҳоро аз бадан дафъ месозад.

Бо равғани зайтун нимгарм ҳӯкна (клизма) кунанд, кулинҷи варами ва гиреҳӣ, дарди миён, дарди буғумҳо ва иркуннасоро шифо мебахшад.

Агар инро бимоланд, дардҳоеро, ки сабабашон моддаҳои хунукмизоҷ ва аз хунукӣ бошанд, таскин медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдани аз равғани зайтун дар як рӯз то 35 грамм аст.

Агар баъд аз кашида шудани равғани зайтун шаш сол бигузарад, онро равғани зайтуни қадим меноманд, вале баъзеҳо инро баъд аз шаш моҳ гуфтаанд. Ба ин мафҳум илова намоем, ки дар қуттиҳои ба мамлакати мо аз мамлакатҳои гуногун оварда шудаашон тару тозагии мӯҳлати онро шаш моҳ гуфтаанд.

Мизоҷи равғани зайтуни қадим гармтар аз навъи нави он аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои ғализро таҳлил медиҳад, дарун ва башараро мулоим мекунад, хислати давоҳоро ислоҳ менамояд ва қувватҳои ногувори онҳоро заиф мегардонад, шах шудани узвҳои баданро манъ мекунад, зарари сарморо дафъ месозад.

Агар инро ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад;

пешина
аз 702
навбатӣ