Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Чун мавизро бо мурч ва орди арзан бирён карда, бо асал бихӯранд, балғамро бо воситаи даҳан берун мекунад.

Мавизро бо равғани ҳайвонот кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ғу чиртакҳоро мекафонад; нохуни беҷо баромадаро меҷфтонад. Кӯфтан мавизро бо шароб хамир сохта, ба ғонағароё (гангрена), реши шахдия (реши рутубаташ асалмонанд), нағзак (гулак), бадбӯии буғумҳо, чӯпишҳои бадан ва саратонҳо гузошта банданд, шифо мебахшад. Мавизро бо орди боқило ва зира кӯфта гузошта банданд, варами хояҳоро таҳлил медиҳад.

Хӯрдани мавиз ба одамони гарммизоҷ зарар дорад — дар ин ҳолат сиканҷабин бихӯранд ё оби меваҳои турш бимаканд, ислоҳи зиён менамояд. Ба гурда ҳам зиён мерасонад — дар ин маврид челон бояд бихӯранд.

Миқдори як бор хӯрдан аз мавиз дар як рӯз то 100 грамм аст. Ба ҷои мавиз кишмишро истеъмол намоянд, комилан раво мебошад.

Мизоҷи тухми ангур дар дараҷаи якум хунук ва дар дуввум хушк аст. Агар инро бихӯранд, дарунро мебандад, меъдаи тармизоҷ ва рӯдаҳоро қувват мебахшад.

Мавизи камшираю камгӯшт дарунро мебандад ва шикамро қувват мебахшад, вале хунро месӯзонад. Дар ин гуна зарарҳояш тухми чилмангӯштак (семизут) бояд бихӯранд, то ки зиёнашро ба ислоҳ озарад. Ба гурда агар зарар кунад, челон бояд хӯрд.

Мавизи бетухмро, ки кишмиш меноманд, беҳтаринаш сабзранги он аст ва носараи он сиёҳаш мебошад. Кишмиш нозуктар аз мавиз аст, ғизо дар он бисёр мебошад. Агар инро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад.

Оберо, ки дар он кишмиш як шабонарӯз тар карда ё кишмиш дар он ҷӯшонида шуда бошад, бо қанди сафед қивом карда бихӯранд, сурфаро шифо мебахшад, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мекунад, овосро соф мегардонад.

Агар инро бо заъфарон ва зардаи тухми мурғ кӯфта гузошта банданд, пучакро мекафонад ва сахтиҳоро таҳлил медиҳад — дар ин бобат давои беҳамто мебошад.

Агар кишмишро бо сабир кӯфта, ба сар бимоланд, качалиро (каляраро) шифо мебахшад. Дар дигар бобат хислати мавизи аз тухм ҷудо кардашударо дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ