Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

асабҳову устухонҳо, манъи пирӣ ва дафъ кардани моддаҳои савдовӣ, инчунин бемориҳои савдовӣ ва ғизо додан барои беморон давои зуд таъсиркунанда аст.

25 грамм шакарро бо оби гарм ва равғани бодоми ширин бихӯранд, барои гирифтагии овоз даво мебошад, иллати кулинҷро шифо мебахшад; бе ду мисли он равғани гов, ки 50 грамм аст, ки нимгарм бошад, бихӯранд, барои дарди ноф ва гиреҳи дарун дармон мегардад ва занонеро, ки қобили ҳайз дидан бошанд, пок мегардонад, душвор шошиданро ислоҳ мекунад.

Ҳар рӯз 25 грамм наботро, ки як пора-як пора ба даҳон гирифта об кунонида фурӯ баранд, сурфа, дағалии овоз, дарди узвҳои даруни сина, ларзак, дилталак (дилбозӣ)-ро, ки аз бисёрии мубошарат бошад, дафъ мекунад. Агар ин миқдор наботро бо оби гарм биёшоманд, барои гирифтагии овоз, ки сабабаш назлаҳо бошад, шифо мебахшад ва агар инро бардавом бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад.

Аз набот ҷуллоб ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Наботи сафед як килограмм бо се килограмм гулоб якҷо дар оташи мулоим меҷӯшонанд, кафкашро мебардоранд ва соф менамоянду то ба нисф расидан боз меҷӯшонанд. Баъд 3,5 грамм заъфаронро бо гулоб соида, дохил менамоянду дар зарфе нигоҳ доранд, вақти ҳочат ба кор баранд.

Ҷуллоби наботро бо гулоб ва оби хунук биёшоманд, барои ибтидои табҳои сӯзон даво мешавад. Агар ҷуллобро бо гулоб ва дигар давоҳои хушбӯй хӯриш дода ё батанҳои бо оби нимгарм барои беморон ба қадри ҳочат бихӯранд, агар тезтаъм бошад, нафъ мекунад, зеро ки ин поккунандаи бадан аст. Агар бо маскаи нав биёшоманд, хислати ноқкунандагиаш зиёда мегардад, решҳоро аз рим пок мегардонад; барои хоридани пилқҳои чашм бо набот, қанди сафеди сахт кӯтури пилк ва гули чашм ва инчунин гӯшти зоиди, яъне гӯшти ҳароми онро дафъ мекунад; агар бо набот ва марворид бихӯранд, шилпукӣ ва кӯтури чашмро нест месозад.

Набот ё шакарро кӯфта, бо гӯгирд, қагром (дёготь), сандаруси кӯфта ва навшодир даромехта гузошта банданд, шукуфан пӯст, пес, доғи сафеди пӯст ва дигар доғҳоро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.

Кӯфтаи қанди сафед ва наботро бипошанд, хунеро, ки аз узви қатъшуда ва ҷароҳат равон бошад, бозмеистонад

пешина
аз 702
навбатӣ