Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бимоланд, дарди онҳоро таскин медиҳад, милки сустгаштаи дандонҳоро мустаҳкам мегардонад ва рутубати онро хушк мекунад ва бадбӯии решҳои даҳанро дур месозад. Ва агар инро ба истиско (водянка) гузошта банданд, фоида мебахшад, ба шарте, ки аз бадан ҷудо нанамоянд ва бигузоранд, то он ки худ ба худ ҷудо гашта бирезаД.
Садафро соида, бо сафедаи тухми мурғ даромехта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; бо оби гарм ва ё равғани гарм ё ки бо тухми кӯфтаи ҳарбуза, ё сиёҳдона ҳамроҳ карда гузошта банданд, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, башараро баравнак мегардонад.
Садафро бо сирко соида, бар баногӯш бимоланд, дарди сари донмиро, ки аз назла бошад, дафъ мекунад.
Садафи сӯхтаро махин ос карда, ба ҷойҳои бадан, ки аз сардӣ ва тарнии зиёд дард мекарда бошад, бимоланд, дардро таскин медиҳад ва сардию таринии он ҷоро дафъ мекунад.
Ҳаким Ҷолинус гуфтааст, ки садафи сӯхтаи ҳиндиро соида гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.
Гӯшти садафакро гузошта банданд, тири даромадаро ба берун мекашад. Агар инро бихӯранд, ҳамаи бодҳо ва хунукиҳоро аз бадан дафъ мегардонад. Ин гӯштро ба зери ноф ва бар миён гузошта банданд, бохро (пушти камарро) қавӣ мегардонад.
Садафакҳоро шӯрбо карда бихӯранд, дарунро меронад.
Садафи бунафшро дар равған ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, мӯйро аз рехтан нигаҳ медорад. Агар инро бо сирко бишӯмонд, сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ёфтани он мушкил мегардад.
- Гӯсфанд
Ин ҳайвони маълум ва машҳури аҳлӣ аст. Беҳтарини он яксола то дусолаи он мебошад, ки фарбеҳ бошад. Сесола ва зиёди он ба ин дараҷа нест, зеро гӯшташ сахт ва душворҳазм мебошад ва аз хӯрдани гӯшти куҳансоли он моддаҳои бадфиол ва мурддор дар бадан пайдо мегардад. Беҳтарин ҷои гӯшташ барои истеъмол гӯшти гардан, китф ва наздики он ҷоҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё