Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: мағзи сарашро сӯхта, дудашро бигиранд, барои резонидани нутфа аз бачадон дору мебошад. Майнаи онро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада нишинанд, дарди камар ва никрис (подагра)-ро шифо мебахшад.
Хӯрдани гӯшти ин ҷонвар мумкин нест, зеро ки бинобар мурдорхӯр буданаш дар бадан мурдорӣ меоварад.
Агар гурбаи ваҳшӣ касеро бигазад, дарди бисёр ва сабзии ранги бадан меоварад. Давои ин пудинаи даштӣ ё пиёзро кӯфта, ба ҷои газидааш гузошта бастан аст.
- Садаф
Ин ҷонварест обӣ, ки дар даруни он марворид ба ҳам мерасад ё ба ҳам намерасад. Беҳтарини садафҳо дар оби ширин мезиянд.
Мизоҷашро баъзеҳо гарм ва баъзеҳо сард донистаанд. Вале баъди сӯхтан мизоҷаш гарм ва латиф мегардад, хушкӣ дар сӯхтан он зиёда аз он, ки носӯхта бошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро рақиқ (суюқ) гардонида дафъ месозад, сатҳи узвҳои дохилиро аз моддаҳои часпак пок менамояд, исҳолро мебандад, хун қай карданро манъ мекунад. Кӯфтаи онро бипошанд, хунравиҳоро бозмедорад. Инро ос карда, ба дандонҳо бимоланд, милки дандонҳо мустаҳкам мекунад, захмҳои онро шифо мебахшад, решаҳои хӯрандаи милки дандонро ба ибро меоварад, дандонро аз чирк пок мегардонад.
Садафи сафедро (ҳусусан пӯсти дохилии онро) ос карда, бо найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад.
Садафи сафедро маҳин суда, чун сурма ба чашм кашанд, реши чашм ва шилпуқиро шифо мебахшад, мӯи зоиди дар милки он рӯидаро аз рӯидан манъ мекунад.
Садафи зардро сӯхта, бо қатрон сиришта, ба пилкҳои чашм бимоланд, мӯи зоидро аз рӯидан манъ мекунад. Агар инро бо сирко сиришта, бар озахҳо ва бавосир бигузоранд, онҳоро дафъ менамояд.
Садафи сӯхтаро бо намак даромехта, ба дандонҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё