Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ислоҳ меёбад. Ҷӯшонида, пухтаи он беҳтар аз кабоби он аст. Зеро ки кабоби онро агар ба зудӣ пухта бошанд, аз меъда дер мефурояд.
- Моҳӣ
Ин ҷонвари обӣ маълум аст. Беҳтарини он дар наҳрҳои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз ҷоҳои дур ва башиддат ҷорӣ мешуда бошад, ба ҳам мерасад. Беҳтарини наҳрии он шоҳмоҳӣ, ки ба тоҷикӣ гулмоҳӣ мемонанд ва баъд аз он ширмоҳист. Барои хӯрдан беҳтараш нав сайд кардашудаи он аст. Аз як рӯз ва зиёда аз он гузашта бошад, бинобар нозукии таркибаш вайрон мегардад. Вале намак кунанд, вайрон намегардад. Дар ҷои дуввум моҳиёне, ки дар баҳрҳо ва дигар обҳои шӯр наздики соҳили сангдор зиндагӣ ба сар баранд, мебошанд.
Мизоҷи ҳамаи моҳиён сард дар дараҷаи якум ва тар дар дуввум аст. Дар обҳои шӯр, яъне дар баҳр ва уқёнусҳо зиндагӣ ба сар баранд, инчунин моҳии шӯр дар мизоҷ гарм дар дараҷаи якум ва моил ба хушкӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: дар оташ кабобкардаи он беҳтар аз он, ки дар равған бирён карда бошанд, зудҳазм аст ва дар ҷигар хуштар ҳазм меёбад — ин барои бадан мувофиқтар мебошад; ба бадан об медаронад, фарбеҳ мекунад, манӣ, шир ва чарбии гурдаро пайдо ва зиёда мекунад. Агар инро одамони гарммизоҷ бихӯранд, боҳи онҳоро бармеангезад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад, моддаҳои гарммизоҷро ислоҳ мекунад, касабаи шушро соф ва нарм мегардонад, захми шуш, сил ва бемории дик (логаркунанда)-ро даво мешавад, инчунин сурфаи хушкро шифо мебахшад; сустии ҷигар ва гурдаи гарммизоҷонро мувофиқ аст.
Агар моҳиро бо оби ангурғӯра ва татум кабоб карда бихӯранд, исҳоли сафровӣ ва хуниро манъ мекунад.
Моҳиро бирён карда, дар навнаш бо пиёзи сабзи тар бихӯранд ва баъд аз он шароби мӯътадил бинӯшоманд, манӣ пайдо мекунад ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Моҳишӯрборо бинӯшоманд, барои захрҳои хӯрдашуда ва аз неш дар бадан воридгашта даво мебошад. Шӯрбои моҳиро бо мудовамат бихӯранд, захрҳои мори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё