Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ҳамаи қисмҳои сангпуштро якҷо ба дараҷае бисӯзанд, ки сафед гардад, баъд онро бо равғани гов ва дигар равғанҳо сиришта бимоланд, барои саратони решгашта давои беназир аст; бо сафедии тухми мурғ даромехта бимоланд, барои кафидагии мақъад ва дигар узвҳо, хусусан кафидагии поҳо даво мешавад. Агар ин сӯхтаи онро бипошанд, захмҳои илоҷаш душворро сиҳат мебахшад. Агар ба он хокистари сӯхтаи он даҳяк мурч дохил карда, бо асал сиришта, пагоҳӣ ба дили наҳор ва вақти шом як ҷумча, ки 14 грамм аст, биёшоманд, барои иллати лаҳс, ки аз шиддати машаққат гирифтагии нафас ва баромадани забон аст, инчунин барои сил ва дамкӯтаҳӣ даво мебошад.
Устухонашро маҳин соида, ё сӯхтаи онро чун сурма ба чашм ҳар кас, ки бикашад, бидуни дард кӯр мегардад.
Хуни сангпушти баҳриро биёшоманд, ҳамаи навъҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад. Агар косаи таги шикамашро сӯхта, дудашро ба машом бикашанд, табро дафъ мекунад.
Аз косаи пушташ об ба сар бирезанд, барои дафъ кардани қуввати мубошарати занон бағоят таъсирбахш аст.
Хӯрдани сангпушт ба рӯдаҳо зарар дорад — дар ин ҳолат асал бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз сӯхтаи он 3,5 грамм, аз тухмаш 0,2 грамм ва аз хунаш 0,6 грамм аст.
- Бедона
Ин парандаи маълум аст, ки агар хушксол ояд, шумораш кам ва агар соли серборон ояд, шумораш бисёр мегардад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз хушкии он зиёда мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти он яке аз беҳтарин гӯштҳои парандаҳо мебошад, зуд аз меъда мегузарад, боҳро ба ҳаракат меоварад, бинобар гармии мизоҷаш ташна мекунад, дар бадан хориш пайдо менамояд, дар пӯст доначаҳо медамонад. Агар бисёр бихӯранд, ба андӯҳи нафасгир мубтало месозад — дар ин ҳолат бо чизҳои турш ва равған бипазанд, — зарараш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё