Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

дуздида мебарам. Бигзор Довуд аз ғами ту мурад! То пули маҳрро надиҳад, дар дасти ман чун гарав мемонӣ.

Самад ҷиянашро аз замин бардошту болои зин гузошт. Ҷаҳида ба асп савор шуда, сари ҷонварро ҷониби дарёи Вахш гардонд...

  • 20 -

Марди гадомонанде бо чӯбдасти дароз ба ҳавлӣ наздик шуда, дарро оҳиста кушоду чун ҳайкал шах шуд. Дар саҳни ҳавлӣ даста - даста кӯдаконро дид, ки ба бозиву даву тоз овораанд. Ҷавонзани мавзунқомат шитобон сӯяш қадам зад.

  • Ин?.. - мард даст ба сӯйи ҳавлӣ дароз кард.

  • Ин ҳавлӣ бо қарори ҳукумати шаҳр ба боғчаи бачагон табдил дода шудааст, - бо ифтихор ҷавоб гардонд мураббӣ.

  • Соҳибонаш?

  • Онҳо гурехта ба Афғонистон рафтанд, - зан дар ҳайрат монд, ки баробари шунидани ҷавоб мард ҳарфе ба забон наоварда, аз наздаш дур шуд.

Довуд дар кӯчаи хилват қадам мезаду ба худ савол медод: Ба куҷо равад? Офтоби бахташро аз куҷо ёбад? Кӣ бошад он нобакор, ки маъшуқаашро рабудааст? Падару модараш кайҳо ин дунёро тарк карданд. Болои гӯри Нусрат чандин харбузапаз алаф мерӯяд. Ман садди роҳи кӣ шуда бошам? Тӯхта - паҳлавон бошад? Не, не! Агар Тӯхта - паҳлавон чунин мақсад медошт, ҳамон рӯзи тӯй аз қафоямон ба ҷустуҷӯ медаромад. Пас, кист ӯ? Ӯ куҷо раваду аз кӣ пурсад? Мулло Шоим гурехта ба Афғонистон рафтааст. Афсӯс! Ё аз баҳри кофутков гузарад? Не! Не! Не! Вай Офтоби оламорои худро ба ҳеҷ кас намедиҳад!

Баробари ба ҳавлии шинос наздик шудан, ӯро ҳаяҷон фаро гирифт. Довуд вохӯрии аввалин бо маҳбубаашро пеши

пешина
аз 164
навбатӣ