Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
назар оварду дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Базӯр худро ба даст гирифт, оҳиста даст ба дар бурд. Фурсате нагузашта ҷавонзани зебопайкаре рӯ ба рӯяш рост шуд.
-
Хонаи Тошпӯлод?
-
Манзили Тошпӯлод моликияти ҷамъиятӣ шуда, ба китобхона табдил дода шудааст.
-
Соҳибдараке?..
-
Соҳибдараке пайдо шуда, — зан ба шарҳи ҳол гузашт, — хеле талош кард...
-
Номаш, — Довуд бо шитоб пеши сухани мудири китобхонаро бурид.
-
Номаш... — зан пешонаашро молид. — Номаш, ба фикрам Самад. Ҳа, ҳа, Самад. Аз деҳаи Дарбанд. Бо мо ҷанҷолу моҷаро бардошт. Ҳарчанд фаҳмондем, ки ба ҳукумати район арз кунад, розӣ нашуд. Ночори милисаро чеғ задем. Дар як миҷазанӣ гуму гӯр шуд...
-
Самад, Самад, — марди ношинос давоми сухани занро гӯш надода қафо гашт. Самадаш кӣ бошад? Маълум, ки аз хешовандони Тошпӯлод аст. Ба ҳар ҳол сари риштаи муаммо пайдо шуд. Ба деҳаи Дарбанд меравам...
-
Кист? — аз таги айвон овози дағали зан ба духтараке, ки дари яктабақаи чӯбинро ба рӯйи мусофири ношинос кушод, шунида шуд.
-
Модарҷон, гадое омадааст, — гардан тофт духтарак.
-
Безор карданд ин гадоҳо, — ба гур-гӯр даромад соҳибхоназан. — Худамон нони хӯрдан надорему боз ин мардак як нонхӯри зиёдатиро овардааст. Кош, дар ягон ҷо кор мекард. Аз саҳар то шом дар чойхона қимор мезанад. Ба ҳавлӣ даромадан намон. Нимта нонаш бидеҳ, равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё