Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар Фарғона, - бо ифтихор ҷавоб дод Офтоб. - Ӯ ихтиёран ба ин маърака ҳамроҳ шуд, - ва ба сӯи хонааш гом бардошт.

  • Ҳоло ҳамин тавр гӯй, - Самад ҷилави аспро ба даст гирифта, аз қафои ҷиянаш равон шуд. - Омаданаш маълум нест?

  • Ба фикрам, то охири сохтмони канал меистад, - Офтоб болои суфа дастурхон паҳн карду барои кашидани хӯрок ба ошхона даромад.

Самад аз фурсат истифода бурда, ба пиёла дору рехт. Офтоб косаҳои шӯрборо болои дастурхон гузошт.

  • Марҳамат, тағоҷон, - муроот намуд Офтоб.

Самад пиёлаи чойро ба ҷиянаш дароз кард. Офтоб пиёларо гирифта ба лаб бурд...

Шаб доман паҳн мекард. Хониши паррандагон кайҳо поён ёфта, садои чи-чираку сурудхонии қурбоқаҳо рӯйи ҳавлиро пур мекард. Офтоб вақте ба ҳуш омад, ки Самад аллакай дасту пояшро баста буд.

  • Ин чӣ кори кардагиатон буд, тағо? - ҷиян ҳайрон шуда, кӯшиш кард, ки худро аз банд раҳо намояд.

  • Ман ҷазои туи беномусро медиҳам, - дод зад Самад. - Ту, фоҳиша, моро рӯзи тӯй шарманда кардӣ. Барои ту шуда хоҳарам мурд. Ягона ҷияннамро одамони шавҳарат паронданд. Аз қафои як безурёт гурехтӣ.

  • Магар аз хости қисмат гурехта мешавад? - нигоҳи хашмгини духтар дар торикии шаб дурахшид.

  • Боз шарм намедорӣ! - Самад даҳони ҷиянашро бо рӯймол баст. - Обрӯйи падаратро як пул кардӣ. Бечора аз шарму ҳаё ин ҷаҳони фониро тарк намуд. Акнун туро

пешина
аз 164
навбатӣ