Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Садои тир дар синаи талу теппаҳо бархӯрд. Довуд китфи чапашро дошта, якпаҳлу болои замини тар афтид. Нолаи ҷонкоҳи зан хомӯшии қатортеппаҳоро дарронд. Офтоб худро болои шавҳар партофт. Партов бо қароҳат ба ин манзара менигарист. Ӯ бо заҳрханд худро аз болои зин ба замин партофту бовиқорона тарафи онҳо қадам зад. Офтоб бо латтапорае ҷароҳати Довудро мебаст.
— Ғамхориат бефоида, — таҳқиромез хандид Партов. — Ҷойи ӯ ҷаҳаннам аст, — ва тири дуюмро ба пойи рости Довуд зад. Довуд такон хӯрд, аз ҳуш рафт. Зан чун гург ба Партов ҳуҷум кард, бебокона ба милтиқ часпид. Байни онҳо кашмакаш сар шуд. Довуд саҳл ба ҳуш омада, дар бари рӯй мӯзаҳои Партовро дид. Бо дасти рост аз пойи рақиб дошта, бо тамоми қувва ба тарафи худ кашид. Партов мувозинатро гум карда, дар паҳлуи Довуд ба шикам афтиду силоҳ аз дасташ раҳо хӯрд. Довуд бабрвор болои чӯпон ҷаҳида, бо ханҷар ба гулӯяш задан хост. Партов дасти ханҷардори ӯро тоб медод. Ҳарду ғелон-ғелон то таги тал фуромаданд.
Довуд аз бисёр рехтани хун беҳол гардида, ханҷарро аз даст афтонд. Партов болои синаи вай нишаста, аз замин онро бардошт.
— Огоҳ карда будам, ки ту ба он дунё сафар мекуниву Офтоб насиби ман мегардад? — Партов даст бардошта хост ханҷарро ба синаи Довуд занад.
Сарчӯпон садои тирро нашунид. Фақат баданаш такон хӯрд. Дасти дар ҳаво бардоштааш муаллақ монд. Силоҳ аз дасти Офтоб ба замини алафпӯш афтид. Хеле дар ин ҳол рост монд. Баъд ба худ омада, бари Довуд нишаст. Сари шавҳарро болои зонуяш гузошта, ба навҳа даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё