Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳар ду ёрамчӣ ҳаросон аз хайма давида баромаданд. Партов шитобон ба хайма даромада, аз девор камонро гирифта, аз нав ба берун давид.

Кариму Ҷаъфар ба ду самт асп тозонданд. Партови дасту пояш ларзон лаҷомро ба сари асп андохта наметавонист. Бо як азоб аспро зин карда, пой бар узангу гузошт. Сари аспро аз қафои Ҷаъфар гардонда, бо тамоми қувва ба сагрии асп тозиёна зад.

Довуд аз паноҳгоҳаш баромада, сӯйи хайма давид. Бо шаст дари хаймаро кушода, чор тарафро бо диққат аз назар гузаронд. Дар гӯшае рахти хоб бо намади сиёҳранги гулдор печидашуда меистод. Дар оташдони дастсохт кундае нармак — нармак дудкунон месӯхт. Аз мисдеги бесарпӯши рӯйи оташ бӯйи гӯшт ба димоғ мезад. Равшании андак сурхранги аз оташ бархоста даруни хаймаи баднамои чӯбониро тобиши дигар медод.

Дар сутуни байни хайма Офтобро баста дида, палангвор сӯяш париду шитобон ба кушодани гиреҳи тасма гузашт. Аз чашмони Офтоби беҳолу бемадор танҳо ашк мешориду бас. Ӯ ҳатто ёрои гап задан надошт.

— Оҳ, ҷонакам. Ба доми ин ғӯли биёбон чӣ хел афтодӣ?

Довуд сари ӯро бо меҳр ба сина зер кард.

— Як бегоҳирӯзӣ суроғ — суроғ ба хонаамон омада беимон дурӯғ гуфт, ки Довуд дар ҷанг сахт маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар госпитали ақибгоҳи шаҳри Бойсун хобидааст. Маро шинохту илтиҷо намуд, ки омада туро барам. Ҳамаи воқеа ҳамин. Фириб дар фириб.

— Бало ба пасаш, — Довуд ӯро аз замин озод бардошт. — Моро зарур аст, ки ҳар чӣ тезтар аз ин ҷо ғайб занем.

пешина
аз 164
навбатӣ