Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

СаломатӣЭкологияИлм
Аз аввал хондан

ХУЛОСА

Аз тафсилоти боло овардашуда бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ба монандӣ дигар сарватҳои табиӣ аз пиряхҳо, обҳои равони ширин, чашмаҳои хунуку гарми маъданӣ, кӯлҳои хурду калон ва аз кӯлҳои обу лойқаи шифобахш дошта бенасиб намондааст. Кӯлҳои лойқаи табобатӣ дошта дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудаанд. Бояд гуфт, ки ғайр аз лойқаи кӯли Оксукони ноҳияи Ашт ва Танобчии вилояти Хатлон дигар кӯлҳои лойқаи табобатӣ дошта ҳанӯз дуруст истифода намешаванд. Сабаби асосии ин вазъият дар он аст, ки ин кӯлҳо ҳанӯз дуруст омӯхта нашудаанд, аз тарафи олимон ва мутахассисон баҳои комилан илмии иқтисодӣ-геологӣ, тиббию биологӣ ва географию экологӣ нагирифтаанд. Вазорати тандурустӣ ба ҳалли ин масъалаи муҳим таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир накарда меояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба омӯзиши ҳамаҷонибаи кӯлҳои лойқаашон давоӣ маблағ ҷудо намуда, муассисаҳои илмӣ-истеҳсолӣ, Академияи илмҳои ҶТ ва институтҳои соҳавии тадқиқотиро водор намояд, ки ба омӯзиши илмии кӯлҳо аз ҷумла ба омӯзиши кӯлҳои лойқаашон шифоӣ машғул шаванд, экспедицияҳои босалоҳияти комплексии тадқиқотӣ ташкил намоянд, бе чунин экспедицияҳо рушди устувори Тоҷикистони кӯҳсорро таъмин кардан амри маҳол аст ва доир ба самтҳои авзалиятдори истифодаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо ва лоиҳаҳои асоснок пешниҳод намоянд.

Ҳар як кӯли шифобахши Тоҷикистон чандин мушкилоти худро доранд, мо ҳангоми тафсиру баррасиҳо

пешина
аз 93
навбатӣ